Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари департаменти давлатии ИМА оиди озоди матбуот ва гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон (Бахши навбатӣ)



Холидаи Қодир

Қонуни асосии Тоҷикистон замнаҳои озодии сухан ва матбуотро фароҳам сохтааст, вале ҳукумат татбиқи ин озодиҳоро шадидан маҳдуд мекунад.

Қонуни асосии Тоҷикистон замнаҳои озодии сухан ва матбуотро фароҳам сохтааст, вале ҳукумат татбиқи ин озодиҳоро шадидан маҳдуд мекунад. Журналистон ва шаҳрвандони алоҳида, ки ба сиёсати ҳукумат мухолифат доранд, барои баёни озоди фикр ва ё танқид ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳукумат матбуотро сахт зери назорат дорад. Ин назорат бо ду роҳ, ҳам бевосита аз тариқи қонунҳо ва ҳам ба воситаи механизмҳои дигар, масъалан, раҳнамоии хабарнигорон дар интихоби мавзӯъ сурат мегирад. Ҳамчунин назорати тамоми васоили чоп ва табъу нашри матбуот ва пахши барномаҳои телевизону радио ҳама дар дасти давлат мебошанд. Муҳаррирон ва журналистон аз тарси фишори ҳукумат худсонсурӣ мекунанд. Дар давоми сол теъдоди нашрияҳои мустақил ва маҳаллӣ афзоиш ёфтанд. Агарчӣ танҳо теъдоди хеле ками нашрияҳо ба хабарҳои муҳим таваҷҷӯҳ доранд, ба ҳар сол, соли гузашта чанд нашрияи наве таъсис ёфт, ки асосан хабар ва таҳлил нашр мекунад. Якчанд рӯзнома органи ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ мебошанд. Нашрияҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, зери фишор мебошанд. Масъалан, рӯзномаи Ҳизби наҳзати исломӣ - "Наҷот" дар давоми сол нашр мегардид, вале дар тӯли соли 2000-ум зери фишори ғайримустақими ҳукумат қарор гирифт. Зоҳиран, сабаб ин буд, ки "Наҷот" чанд гузориши созмонҳои хориҷиро дар бораи вазъи бади ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба табъ расонид. Соли 2000-ум Наҷот иҷозати истифода аз дастгоҳи чопро дар чопхонаи давлатӣ аз даст дод ва маҷбур шуд, ки дар як корхонаи хурди хусусӣ рӯзномаро нашр кунад. Дар Тоҷикистон танҳо як шабакаи телевизионӣ таҳти назари ҳукумат амал мекунад. Намояндагони мухолифин ба ин шабака дастрасии маҳдуд доранд. Вале соли дуввум аст, ки телевизион силсилаи баҳсҳои сиёсиро пахш мекунад, ки бо ташаббуси Бунёди Байналмилалии Сохтори Интихобот таҳия гардидааст. Дар Тоҷикистон 36 телевизиони ғайридавлатӣ вуҷуд доранд, вале танҳо теъдоди хеле ками онҳо воқеан озод мебошанд. Баъзе аз ин телевизионҳои ғайридавлатӣ студияҳои хусусӣ доранд. Як телевизиони мустақили шаҳри Хуҷанд барномаи баҳсҳои сиёсиро пахш намуд, ки таҳти назари Шӯъбаи хуҷандии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо таҳия гардида буд. Ҳизби Наҳзати исломӣ аз тариқи як телевизиони дигари мустақил барномаи ҳафтавор пахш мекунад. Вале тобистони гузашта ба сабаби ихтилофи дохилӣ, ин барнома лағв гардид. Радиои давлатӣ ба тарви рӯзмарра ба забони ӯзбакӣ низ гуфтор пахш мекунад, вале барномаҳо асосан ба забони тоҷикӣ ва русӣ садо медиҳанд. Нашароти ғайридавлатӣ маъмулан зери фишорҳои маъмурӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Барои гирифтани ҳаққи пахши барнома онҳо бояд иҷозати ду муассисаи давлатӣ: Вазорати мухобирот ва Кумитаи давлатии Радиову Телевизионро ба даст оваранд. Дар ин марҳила онҳо ба монеаҳои бюрократӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва бояд ба таври расмиву ғайрирасмӣ маблағи зиёде пардозанд. Мӯҳлати ин раванд номаълум аст ва метавонад чанд моҳ ё ҳатто чанд солро дар бар гирад. Вале онҳое, ки дархосташон рад мешавад, ҳаққи тақозои дубора доранд. Ҳукумат бо ҳамин тарзи монеагузорӣ дар роҳи гирифтани иҷозатнома, фаъолияти радиоҳои мустақилро маҳдуд мекунад. Ҳадди аққал ду радиои мустақил дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 ба ҳамин монеаи гузоштаи ҳукумат рӯ ба рӯ мебошанд. Журналистон маъмулан таҳти фишор, таҳдид ва хушунат мебошанд. Баъзан чунин фишорҳо аз ҷониби намояндагони давлат сурат мегиранд. Моҳи июл журналист Додоҷон Атоуллоев тибқи дархости мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд. Тоҷикистон талаби экстрадиятсия кард. Вале таҳти фишори созмонҳои ғайридавлатӣ ва кишварҳои хориҷӣ Атоуллоев дертар озод гардид. Моҳи октябр полиси Тоҷикистон муовини идораи молиёти ноҳияи Кофарниҳон Аҳтам Тоҳиров ва як марди дигарро ба гумонбарӣ дар куштори журналисти рус Виктор Никулин боздошт кард. Вале парвандаи лату кӯби як хабарнигори нашрияи Ҷумҳурият дар соли 2000-ум, ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст. Куштори ду хабарнигор дар соли 1999 - мудири дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ Ҷумъахон Ҳотамӣ ва журналист Сергей Ситковски ба ҷинояткорони маводи мухаддира робита дода мешавад. Ҳарду ин журналист мавзӯъи маводи мухаддираро пайгирӣ мекарданд. Дар тафтиши парвандаи онҳо пешравие ба назар намерасад. Дар Тоҷикитосн дастрасӣ ба Интернет зери назорати давлат мебошад. Ҳукумат ба якчанд дастраскунандаи Интернет иҷозати фаъолият дар ҷумҳуриро дод, вале ба сабаби гаронии нархҳо аксари аҳолӣ наметавонанд, ки аз ин шабакаи маълумот истифода барад.

XS
SM
MD
LG