Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминҷунбии шадид боиси қатли даҳҳо нафар дар Шимоли Афғонистон шуд



Хоҷа Мирзода

Субҳи рӯзи душанбе муассисаҳои СММ дар шаҳри Исломободи Покистон бо такя ба гузоришҳо аз манотиқи Шимолии Афғонистон иттилоъ доданд, ки бар асари зилзилаи рӯзи якшанбе камаш панҷоҳ нафар кушта ва дар минтақаи Тахди Рустуми вилояти Самангон сад каси дигар беному нишон мебошанд.

Заминҷунбии шадиде, ки бегоҳии якшанбе дар қаторкӯҳи Ҳиндукуш ба амал омад, ҳазорҳо сокини мамолики Осиёи Ҷанубиву Марказиро ба кӯчаҳо бароварда, тибқи гузоришҳои расида боиси қатли даҳҳо нафар дар Шимоли Афғонистон шуд. Субҳи рӯзи душанбе муассисаҳои СММ дар шаҳри Исломободи Покистон бо такя ба гузоришҳо аз манотиқи Шимолии Афғонистон иттилоъ доданд, ки бар асари зилзилаи рӯзи якшанбе камаш панҷоҳ нафар кушта ва дар минтақаи Тахди Рустуми вилояти Самангон сад каси дигар беному нишон мебошанд. Гуфта мешавад, ки дар ин вилоят кӯҳ болои ду деҳа фурӯ рафта, ҳамзамон маҷрои рӯдеро ба сӯи хонаҳо равон кардааст. Ба қавли Холид Мансур сухангӯи шӯъбаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар шаҳри Исломобод дар натиҷаи заминҷунбӣ ҳафт нафари дигар дар деҳаи Рустоқи вилояти Тахор ба ҳалокат расиданд. СММ чархболҳоеро, ки одатан барои партоби ёриҳои таъҷилӣ ба манотиқи дурдасти Афғонистон истифода мебарад, барои кумак ба манотиқи офатзада сафарбар намуд. Нисфирӯзи душанбе зимни сӯҳбати телефонӣ бо хонум Ориёно Яфталӣ ходими дафтари матбуотии идораи ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи СММ дар Афғонистон, (ёдовар мешавам, ки ин ниҳоди СММ дар шаҳри Исломободи Покистон мустақар мебошад,) хоҳиш кардам, ки оиди хасороти ҷониву молӣ аз заминларзаи рӯзи якшанбе иттилоъ диҳад. Дар сӯҳбат хонум Ориёно Яфталӣ изҳор намуд, ки воситаҳои мухобиротии шимоли Афғонистон фаъолияти ниҳоят заиф доранд, аз ин рӯ, шояд барои комилан возеҳ намудани вазъи ин минтақа ва талафоти заминларза чанд рӯз лозим шавад. Пажӯҳишгоҳҳои зилзиласанҷии кишварҳои мухталифи олам гузориш медиҳанд, ки заминҷунбии бегоҳии якшанбе ба ҳафту аз даҳ ду дараҷаи ченаки Рихтер баробар буда, маркази он дар қаторқӯҳҳои Ҳиндукуш, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, қарор дошт. Таконҳо бо нерӯи гуногун дар Узбакистон, Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон ва Қазоқистон низ эҳсос шуданд. Дар паи заминҷунбӣ сокинони шаҳрҳои Равалпиндӣ, Исломобод, Пешавар ва Лоҳури Покистон аз хавф ба берун баромаданд. Баъди зилзила шаҳрҳои Деҳлӣ ва Амритсари вилояти Панҷоби Ҳиндустон муддате бидлуни барқ монданд. Дар Узбакистон бошад, афсарони вазорати вазъиятҳои фавқулодда таъкид карданд, ки зилзила дар Тошканд эҳсос мешуд, вале ҳеҷ хасороте ба амал наомад.

XS
SM
MD
LG