Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бут дар интиқоли силоҳ гумонбар аст



Мирасрори Фарғонӣ

Хадамоти махсуси Амрико ва Белгия чизеро пайдо карданд, ки афсари мустафъии артиши Шӯравӣ Виктор Бут ба таври махфӣ гурӯҳҳои Ал-Қоидаро бо силоҳ таъмин намудааст.

Хадамоти махсуси Амрико ва Белгия чизеро пайдо карданд, ки афсари мустафъии артиши Шӯравӣ Виктор Бут ба таври махфӣ гурӯҳҳои Ал-Қоидаро бо силоҳ таъмин намудааст. Манбаъҳои мустақил мегӯянд, қаблан хадамоти махсуси ғарбӣ Бутро дар интиқоли силоҳ ба Африқо гумонбар карда буданд. Таъкид шудааст, ки таваҷҷӯҳ ба шахсияти афсари мустафъӣ Виктор Анатолевич Бут дар чанд соли ахир аз байн нарафтааст. Дар мавриди ва даҳҳо хадамоти махсуси ғарбӣ аз ҷумла Интерпол ва органҳои тафтишотии СММ парванда боз кардаанд. Ду сол қабл дар ҳисоботи махфии СММ роҷеъ ба Бут навишта буданд, вай раҳбари созмони хеле сершоха ва махфиёнаест, ки бо қочоқи силоҳ ба Африқо алоқадор мебошад. Ба навиштаи манбаъҳои мустақил қаблан се комиссиюни СММ Бутро дар таъмини мушакхоб дастгоҳҳои зенити зерипушҳо, чархболҳо ва силоҳҳои дигар ба Ангола, Сиерра Леоне ва Либерия гумонбар шуда буданд. Силоҳҳои бархилофи эмбаргои СММ ба ҳайси бартер ва харидоронаш интиқол дода мешуд ва ӯ дар ивази он аз Африқо алмос, қаҳва ва тилло мебурд. Ин шабакаи ғайриқонунӣ тавре боэтимод фаъолият мекард, ки нисбати Бут то кунун ягон айбнома сурат нагирифтааст. Аммо ҳамкори Бут дар Кениё Санчиван Рупрах, ки бо истифодаи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ дар Белгия боздошт шуда буд, хадамоти махсуси Белгияро дар ин робита аз аъмоли Бут хабардор карданд. Ин мунҷар ба он шуд, ки хадамоти махсус ба Виктор Бут беш аз пеш таваҷҷӯҳ намоянд. Рупрах ҳангоми бозпурсӣ ба муфатишони Бюрои федералии таҳқиқ гуфтааст, ки афсари мустафъии Шӯравӣ Бут ба қочоқи силоҳ на танҳо ба Африқо балки ба афғонистон низ алоқадор аст. Рупрах афзудааст, Бут дар ду соли ахир бо созмони Усома бин лодин робитаи қавӣ дошт. Гуфта мешавад, дар интиқоли силоҳ ба Алқоида ҳавопаймоҳои ширкати Ориёнои Афғонистон ҷалб карда шудаанд. Муфаттишон муътакиданд, ки робитаи Бут бо Толибон то ба Афғонистон омадани терорристи рақами 1 Усома бин Лодин низ ба роҳ монда шуда буданд. Ба иттилои Лос Анҷелеси "Таймс" соли 1996 толибон ах ҳавопаймоҳои Либерия истифода мекарданд, ки дар ҳамин ҳол Бут яке аз соҳибони ин ширкат махсуб мешаванд. Хадамоти махсуси амрикоӣ чунин мешуморанд, ки ҳавопаймоҳҳои ширкати "Айр Гесс" Либерия тули чанд моҳ ба Афғонистон ҳавопаймоҳои муҳимоти ҷангӣ интиқол додаанд. Ишора шудааст, Бюрои федералии таҳқиқ Санчиван Рупрахро яке аз шоҳидони асосӣ дар робита бо интиқоли силоҳ ба толибон хондааст. Зеро маълумоти Рупрах омили он шудааст, ки онҳо ба Бут бирасанд.

XS
SM
MD
LG