Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симои сиёсии Карзай



Холидаи Қодир

Ду моҳ қабл дар саҳнаи сиёсӣ Карзайро касе намешинохт. Ӯ на дипломат буд, на сиёсатмадор. Вале ҳоло мешавад гуфт, ки раҳбари 44 солаи Афғонистон Карзай яке аз чеҳраҳои шинохтатарин дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад.

Ду моҳ қабл дар саҳнаи сиёсӣ Карзайро касе намешинохт. Ӯ на дипломат буд, на сиёсатмадор. Вале ҳоло мешавад гуфт, ки раҳбари 44 солаи Афғонистон Карзай яке аз чеҳраҳои шинохтатарин дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ бо президенти Амрико, раҳбарони Британияву Ҷопону Чин, бо дабири кулли Созмони Милал даст мефишорад ва паҳлу ба паҳлу истода бо забони фасеҳи англисӣ суханронӣ мекунад. Албатта дар аввал, ин масъалаи Афғонистон аст, ки Ҳомид Карзайро барқосо ба арсаи байналмилӣ баровард. Афғонистон аввал, ба ҳайси паноҳгоҳи терроризм бомбаборон шуд ва сипас, кишварҳои муҳими ҷаҳон барои эҳёи ин мамлакати харобшудаи ваъдаи миллиардҳо доллар доданд. Табиист, ки раҳбари чунин кишвар шинохта мешавад. Вале бисёриҳо чунин мешуморанд, ки маъруфияти Карзай аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҷозибаву завқи худи Карзай низ вобастагии зиёд дорад. Ҷаззобӣ ва суханрониву тарзи адои Карзай, интихоби ӯ дар либос таваҷҷӯҳро ба шахсияти вай ҷалб мекунад. Рӯзномаи "Финаншэл Таймс" навиштааст, ки Карзай бо зебоӣ ва забондонӣ чун як дипломати модарзод тулӯъ кард. Дар нишасти кишварҳои мададрасон дар Токио ҳама мутаваҷҷеҳи суханронии пурэҳсоси Карзай шуданд. Мудири кумитаи корҳои хориҷии парламенти Япония Нобуҳико Суто мегӯяд, ки бо он сухаронӣ Карзай аз худ таассуроти ҷиддӣ ба ҷо гузошт. Суто мегӯяд: Карзай сиёсатмадори касбӣ нест, вале ӯ ба зудӣ омӯхтааст, ки чӣ гуна дар нишасти сиёсатмадорон суханронӣ кунад. Завқу интихоби Карзай дар тарзи либос низ қобили таваҷҷӯҳ аст. Карзай қариб ҳамеша пироҳану тумбони миллии афғониро бо костюм дар бар мекунад, ба сар кулоҳи қарокул мегузорад ва дар сари шона ҳамеша як хилъат ё ҷомаи беқасаби сабз дорад. Ибтидо мегуфтанд, ки Карзай ба ин тариқ аз либосҳои миллии ҳар як қавми Афғонистон як намуна интихоб кардааст, аз яке кулоҳу аз дигари чакман ва ғайра. Ба ҳар сурат, ин интихоб низ чун завқу салиқаи баланди либоспӯшӣ пазируфта шуд. Дизайнери шинохтаи Британия Том Форд, ки сарвари империяи муди муосир Гуччӣ мебошад, Карзайро яке аз мардҳои хушлибостарини ҷаҳон номид. Ҳатто раиси ҷумҳурии Чин Ҷинаг Земин, ки маъмулан, дар бораи либосу мӯд изҳори назар намекунад, ҳангоми мулоқот бо Карзай дар Пекин гуфт, ман шунидаам, ки либоси шумо ҷаҳони мӯдро мутаассир кардааст. Вале ин танҳо тарзи либосу суханронӣ нест, ки шахсияти Карзайро ташкил медиҳад. Ба назар мерасад, ки Карзай ба хубӣ дарк мекунад, ки дар куҷо бо кӣ чӣ гӯяд. Ӯ дар шурӯъи кор ба Панҷшер рафт ва мазори Аҳмадшоҳ Масъудро зиёрат намуд. Ин барои тоҷикони Афғонистон муҳим буд, ки Карзайи паштун аз ҷануби кишвар ба Масъуд ба ин анзода эҳтиром мегузорад. Зимни суханронӣ дар маросими савганди ҳукумати нав, Карзай нохост бо эҳтиром ишора кард, ки "бибинед, ҳамин лаҳза, фармондеҳ Исмоилхон вориди толор шуд". Барои Исмоилхон, ки зимнан орзуи қудрат дошт, ин ишораву эҳтироми Карзай бешӯбҳа, хушоянд аст, ҳамон тавр барои ҳамаи онҳое, ки шахсияти сарвари нави Афғонистонро аз дуру наздик мушоҳида мекунанд.

XS
SM
MD
LG