Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти марзбонони тоҷик ба ҳадди 250 км бештар шуд



Раҳматкарими Давлат

Нирӯҳои марзбони Тоҷикистон масъулияти посдории бахшҳое аз сарҳадҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистонро бар дӯш гирифтанд. Ин созиш дар ҷараёни гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистон ва мудири Хадамоти марзбони Русия Константин Тотский ҳосил шудааст.



Бо ризоияти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия боз 250 километри сарҳади Тоҷикистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузашт. Ин минтақа бахшеро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва бахшеро дар сарҳад бо Чин фаро мегирад. Қаблан марзбонони тоҷик танҳо як қитъаи марзро дар Қалъаи Хумб дидбонӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин ки дар қисматҳои дигари марз низ воҳидҳои марзбон асосан аз ҷавонони тоҷик иборатанд, расман ин нирӯҳо азони Русия шумурда мешаванд ва таҳти фармони афсарони рус қарор доранд. Мудири Хадамоти марзбонии Русия Константин Тотский, ки дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ин мавзӯъро матраҳ намуд, ба хабарнигорон гуфт, ягона камбуди нирӯҳои марзбони Тоҷикистон нарасидани афсарон аст, вагаран дар ҳамаи риштаҳои дигар онҳо мушкиле надоранд. Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари хадамоти марзбонии Тоҷикистонро иваз намуд. Вай ба ивази Сайиданвар Камолов генерал Абдураҳмон Азимовро сарвари нирӯҳои марзбони Тоҷикистон таъин кард.

XS
SM
MD
LG