Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз заминларзаи харобиовари Роғун як ҳафта мегузарад ва амалиёти бартарафсозии оқибатҳои он идома дорад



Холидаи Қодир

Баъди як ҳафтаи заминларзаи Роғун, ки ҳаёти се нафарро аз байн бурд, нашрияи Транзишн Онлайн ба рафти амалиёти бартарафсозии оқибатҳои зилзила назар афкандааст.

Вале ин офати табиӣ масъалаҳои зиёдеро рӯи об баровард, ки яке аз онҳо сарнавишти ояндаи сарбанди обии Роғун мебошад). Баъди як ҳафтаи заминларзаи Роғун, ки ҳаёти се нафарро аз байн бурд, нашрияи Транзишн Онлайн ба рафти амалиёти бартарафсозии оқибатҳои зилзила назар афкандааст. Нашрия менависад: ин амалиётро вазоратҳои вазъи фавқуллодаи Тоҷикистон ва Русия якҷо бо созмонҳои хайрияи байнламилалӣ пеш мебаранд. Вазорати вазъиятҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз вазорати ҳамноми Русия дархост кард, ки ба минтақаи офатдида хайма, манқали барқӣ, маводи хӯрока ва дорувор фиристад. Мақомоти Русия гуфтанд, ки онҳо як миқдор маводи кӯмакро, ки барои Афғонистон таҳия гардида буд, ба Роғун интиқол доданд. Яке аз масъалаҳои дараҷаи аввал бо сарпаноҳи муваққатӣ таъмин кардани одамони бехонамонда аст. Оустен Ларсен, ҳамоҳангсози барномаҳои Салиби Сурхи байналмилал мегӯяд, ки тибқи маъмулоти онҳо, тахминан 1 ҳазору сесад сокини Роғун ва деҳоти атрофи он бехона мондаанд. Сардии ҳаво, ки шабона ба манфӣ даҳ дараҷа поин меравад, вазъи онҳоро ногувортар мекунад. Салиби Сурх як рӯзи баъди заминларза, ба минтақа либоси гарму бистар фиристод. Заминларзаи Роғун як масъалаи дигарро ба хотирҳо овард, ки он сарнавишти ояндаи сарбанди обӣ мебошад. Дар Роғун яке аз бузургтарин сарбандҳои барқи обии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки сохтмони он ҳанӯз такмил нагардидааст. Ин сохтмон авоили солҳои навадум бо шурӯъи ҷанги дохилӣ қатъ гардида ва дар ин охирҳо шурӯъи дубораи он мавриди баҳс буд. Заминларзаи ахир ояндаи сарбанди Роғунро бештар зери суол мегузорад. Ин сарбанд тавони муқовимат ба зилзилаи даҳбаллиро дорад. Вале боз ҳам мутахассисон аз заминларазҳои оянда ва офатҳои дигари табиӣ изҳори ташвиш мекунанд. Дар ин минтақа миқдори бузурги оҳаксанг вуҷуд дорад. Ҳанӯз қабл аз заминҷумбии 9-уми январ мутахассисон ҳушдор медоданд, ки мавҷи шадиди оби сарбанди Роғун метавонад боиси рехтани сангҳо ва ё боиси заминларза шавад. Вале сарнавишти ояндаи сарбанди Роғун бештар ба сармоягузориҳо вобаста аст. То ҳол давлати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони сарбанд пул пайдо накардааст ва аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ нирӯи барқ намерасад ва талабот ба газу ангишт боло меравад. Ба ҳамон андоза вобастагии Тоҷикитосн ба гази Узбакистони ҳамсоя бештар мешавад. Зимистони имсолаи Тоҷикистон ба таври ғайримуқаррарӣ гарм омад. Вале Душанберо зарур аст, ки масъалаи камбуди нирӯи барқро ҳал кунад. Тоҷикистон захираи бузурги об дорад: 44 дар сади манбаъи оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон меояд. Мутахассисон мегӯянд: агар такмили сарбандҳои бузург мисли Роғун мушкил аст, пас давлат бояд аз пайи бунёди истгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ҳар минтақа шавад.

XS
SM
MD
LG