Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай ва аввалин гурӯҳҳои байналмилалии посдорони сулҳ вориди Кобул шуданд



Гулбаҳори Муродӣ

Имрӯз пеш аз шурӯъи кори ҳукумати муваққатии Афғонистон, Ҳомид Карзай раҳбари муваққатии ин ҳукумат ба Кобул омад ва гурӯҳҳои нахустини нирӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ низ ба пойтахти кишвар шаҳри Кобул ворид шуданд.

Имрӯз пеш аз шурӯъи кори ҳукумати муваққатии Афғонистон, Ҳомид Карзай раҳбари муваққатии ин ҳукумат ба Кобул омад ва гурӯҳҳои нахустини нирӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ низ ба пойтахти кишвар шаҳри Кобул ворид шуданд. Дирӯз дар фурудгоҳи Бағром дар 25 километрии шаҳри Кобул 53 сарбози мусаллаҳи нирӯҳои британӣ, бахше аз 200 сарбози британӣ, ки бояд барои посдории сулҳ ба ин шаҳр оянд, ба замин фуруд омаданд. Дирӯз Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид ваколатномаро дар бораи мустақар намудани ин нирӯҳо дар Афғонистон, таҳти раҳбарии Британия ба тасвиб расонд. Гуфта мешавад, ки теъдоди ин нирӯҳо, ки қисми умдаашро нирӯҳои британӣ ташкил медиҳанд, аз 5 ҳазор боло нахоҳад шуд. Ин нирӯҳои посдори сулҳ камаш дар шаш моҳи оянда ба ҳукумати Афғонистон барои сулҳу оромӣ кӯмак хоҳанд расонд. Маросими савганд ёд кардан, барои ба даст гирифтани идораи давлати муваққатӣ дар Афғонистон пагоҳ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG