Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин бор дар ҳайати ҳукумати Афғонистон зан ба вазифаи баланд, яъне ҷонишини сарвазир интихоб шуд



Хиромон Бақозода

Аввалин қадами ҷонишини сарвазири ҳукумати муваққати Афғонистон дар умури занон Симо Самар кӯшиши барпо намудани алоқаҳои байналхалқӣ ва ҷалби маблағгузорони бузурги хориҷӣ ба инкишофи Афғонистон аст.

Аввалин қадами ҷонишини сарвазири ҳукумати муваққати Афғонистон дар умури занон Симо Самар кӯшиши барпо намудани алоқаҳои байналхалқӣ ва ҷалби маблағгузорони бузурги хориҷӣ ба инкишофи Афғонистон аст. Рӯзи 16 декабр, як ҳафта пеш аз шурӯъи расмии кори ҳукумати муваққаттии Афғонистон, сафари хонум Самар ба Вашингтон дар назар гирифта шудааст. Вай ният дорад бо намояндагони департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ва Оҷонсии Байналхалқии Рушди Амрико, ЮСАИД, вохӯрад. Масъалаҳои барқарорсозии вазъи сиёсӣ ва маърифатнокии мардуми Афғонистонро Симо Самар аввалиндараҷа меҳисобад. Хонум Самар ба ҳайати 30 нафараи ҳукумати тозатаъсиси муваққаттии Афғонистон чанд рӯз пеш ворид гашт. Ин зан кист ва чӣ таҷриба дорад? Симо Самар 44 сола, касбаш духтур аст. Чанд сол пеш вай аз маркази сиҳатии паноҳандагони афғон дар Покистон гурехта буд. Дар конфронсҳои мухталифи Канада ширкат кардааст. Гуфта мешавад, маҳз дар Канада хонум Самар оиди интиқоли кӯмаки молӣ ба мардуми Афғонистон бо маблағгузорон алоқаҳо барпо намудааст. Шавҳари аввали Симо Самар як фармондеҳи афғон будааст, ки дар ҷанг кушта мешавад. Баъдан вай дубора издивоҷ кардааст ва ҳоло модари 2 фарзанд аст. То ҳол дар ҳайати ҳукумати Афғонистон зан ба чунин вазифаи баланд, яъне ҷонишини сарвазир интихоб нагардида буд. Дар яке аз мусоҳибаҳо Симо Самар гуфт: "Ман кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳам, то аз ӯҳдаи кор бароям. Афғонистон саросар масъаланок аст ва кори зиёдеро бояд анҷом дод. Дар кишвар системаи қонун вуҷуд надорад, ки дар фикраш бояд шуд. Мо бояд қувваи амниятии пуриқтидор дошта бошем, ки иборат аз гурӯҳҳои мухталифи етникӣ бошад, гуфт вай. Ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи барномаҳои таҷдидӣ дар Афғонистон низ яке аз роҳҳои барқарорсозии кишвар хоҳад буд". Ба сифати роҳбари умури занон дар ҳукумат Симо Самар ҷонибдори таъмин намудани амнияти занон дар кишвар ва баъдан маърифатнокии онон аст. Ба андешаи вай, барои занҳои миёнасол, ки ягон маълумот надоранд, бояд барномаҳои махсус тартиб дод. Дар мавриди мардбачагони мактабнодида Симо Самар мегӯяд: "Аксарият ба ҷуз истифодаи яроқу аслиҳа дигар ҳунар надоранд. Вале инҳо бояд ҳатман дар мактаб таҳсил кунанду касб омӯзанд. Ман умед дорам, ки инҳо дигар ба гузашта барнамегарданд", мегӯяд хонум Самар. Баъди сипарӣ гаштани 6 моҳи фаъолияти ҳукумати муваққати Афғонистон Симо Самар умед дорад, баъзе муваффақиятҳо даст хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG