Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 декабр Чин узви 143-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пазируфта шуд



Хоҷа Мирзода

Ҳамин тариқ талоши понздаҳсолаи Чин барои ширкати баробар дар савдои ҷаҳонӣ бо муваффақият ба марҳилаи нави тағйиру ислоҳот дар ин кишвари таҳти раҳбарии ҳизби коммунист қадам мегузорад.

Ҳамин тариқ талоши понздаҳсолаи Чин барои ширкати баробар дар савдои ҷаҳонӣ бо муваффақият ба марҳилаи нави тағйиру ислоҳот дар ин кишвари таҳти раҳбарии ҳизби коммунист қадам мегузорад. Дар ин рӯзи таърихӣ кадом маросиме доир нашуд ва вазорати савдои хориҷии Чин бо хунсардии ба мардуми ин кишвар хос иброз дошт, ки кори асосӣ дар пеш аст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Жанг Кюй мегӯяд, ки вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба ин кишвар имконоти зиёд фароҳам меорад. Сармоягузорони хориҷӣ мунтазиранд, ки яке аз бузургтарин бозорҳои ҷаҳон барои онҳо боз шавад. Чин ният дорад, ки аз ҳисоби ҳамоиши бештар бо иқтисоди ҷаҳонӣ ислоҳоти иқтисодиро такмил намояд. Вале дар байни мардуми оддии Чин эҳсос аз узвият дар Созмони Ҷаҳонии тиҷорат гуногун аст. Баъзеҳо умедворанд, ки вуруд сатҳи зиндагии онҳоро боло мебарад, вале дар айни замон мардуми зиёде дар хавф ҳастанд, ки ашёи хориҷӣ бозорҳоро зер мекунаду дар натиҷа онҳо бекор мемонанд. Дар ҳамин ҳол рӯзномаи ҳизби Коммунисти Чин аз мансабдорони ин кишвар талаб кард, ки ӯҳдадориҳои дар назди созмон гирифтаи Чинро амалӣ намоянд. Ва чун исботи ин гуфтаҳо ҳукумати Чин монополияи мухобирот ширкати Чайна Телекомро ба чанд ширкати рақиб таҳвил намуд. Умуман, соли 2001ум барои Чин соли бурдбориҳост. Кишвар мизбони бозиҳои олимпии соли 2008ум дар шаҳри Шангҳай пазируфта шуд. Дар моҳи октябр сарони кишварҳои Узви Созмони Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар ин кишвар ҷамъ шуданд ва ниҳоят соли равон барои аввалин дафъа ҳайати мунтахаби Чин ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли оянда дар Кореяву Япония баргузор мегардад, роҳхат гирифт. Дар арафаи вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ширкатҳои нақлиётӣ ва иҷорадиҳандагони моликияти ғайриманқули Чин нархи хадамоти худро боло бурданд. Шореҳон мегӯянд, ки дар навбати аввал вуруди Чин ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат фоидаи сектори хусусӣ ва ширкатҳои хориҷиро афзоиш хоҳад дод, аммо ширкатҳои давлатӣ ва хусусан, кишоварзон бо мусобиқаву рақобати дарднок мувоҷеҳ мешаванд. Таҳлилгари хабаргузории Рейтерс навиштааст, ки сарфи назар аз нигарониҳо Чин, ки аз соли 1978 сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, интихоби дигар надорад. Танҳо роҳи таъмини беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми Чин ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамоиш ба тиҷорати ҷаҳон аст. Баъзеҳо ҳатто тахмин мекунанд, ки тиҷорати озод ба Чин гуногунандеширо низ хоҳад овард. Аслан дар соли 1948 Чин яке аз 23 кишвари асосгузори ГАТТ: Созиши Кулли тиҷорат ва тариф буд. Вале як сол пас вақте ки дар ин кишвар табодули коммунистӣ ба вуқӯъ пайваст, коммунистон Гаттро клуби капиталистон унвон дода, аз он хориҷ шуданд. Дар соли 1986 раҳбарони ислоҳотталаби Чин барои вуруд ба Гатт ариза навиштанд. Дар давоми понздаҳ соли кӯшишҳои Чин Гатт ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат табдил ёфт. Зимнан тобистони соли равон Тоҷикистон ҳам номзад ба узвияти Созмон эълон шуд ва вақт нишон медиҳад, ки талошҳои Тоҷикистон чанд солро дар бар мегиранд.

XS
SM
MD
LG