Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд



Хоҷа Мирзода

Аксҳои фармондеҳ Аҳмад Шоҳ Масъуд, ки се моҳ пеш ба ҳалокат расидааст, дар канораҳои мухталифи пойтахти Афғонистон ба чашм мехӯранд.

Аксҳои фармондеҳ Аҳмад Шоҳ Масъуд, ки се моҳ пеш ба ҳалокат расидааст, дар канораҳои мухталифи пойтахти Афғонистон ба чашм мехӯранд. Дар рӯзҳои музокироти сулҳи Афғонистон ҳатто дар шаҳри Бонн ҳам суратҳои калони Аҳмад Шоҳ Масъудро дидан мумкин буд. На суратҳои президенти расман эътирофшудаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва на акси раиси ҳукумати муваққатии ин кишвар Ҳомиди Карзайро, ки 22 декабр рӯи кор меояд, ба ин теъдод наметавон пайдо кард. Аҳмад Шоҳ Масъуд 9 сентябри соли равон аз тарафи ҷосусони ба эҳтимоли зиёд марбут бо Усома Бин Лодин ба қатл расид. Имрӯз ронандагони мошинҳо, сартарошон, дукондорон ва ғайра аксҳои бузурги Аҳмад Шоҳ Масъудро овехтаанд. Дар яке аз гардишҳои маркази Кобул дар зери акси Аҳмад Шоҳ Масъуд шиори "Нашъмандӣ ба Ислом бегона аст" ба назар мерасад. Рӯзи чоршанбе панҷуми декабр дар чандин масҷиди шаҳри Кобул маросими сӯгвории Аҳмад Шоҳ Масъуд доир шуд. Мардум Шери Панҷшерро бо дуои нек ёд карданд. Сокини Кобул Муҳаммад Зубайр мегӯяд, ки ӯ дар тӯли солҳо аз Масъуд пуштибонӣ мекард. Муҳаммад Осиф, сокини яке аз деҳоти Шимоли Кобул, махсус барои ширкат дар маросими сӯгворӣ ба Кобул омад. Ба қавли мавсуф Аҳмад Шоҳ Масъуд ягона фармондеҳе буд, ки ҳеҷ гоҳ Афғонистонро тарк накард. Шореҳон дар бораи Аҳмад Шоҳ Масъуд суханони зидду нақиз мегӯянд, вале ҳама як гуфтаи ӯро дар ёд доранд: "Агар замини таҳти назорати ман ҳатто аз кӯлоҳам бештар набошад, ман муқовиматро идома медиҳам." Дар мушкилтарин соатҳои муқовимат ба Толибон аксари фармондеҳон аз Афғонистон фирор карданд. Генерал Дустӯм ба Туркия, Гулбиддин Ҳикматёр ба мисли як идда раҳбарони даризабон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мамолики дигари ҳамсоя кӯч бастанд , вале Масъуд ҳамоно дар Дараи Панҷшер боқӣ монд. Шояд аз ҳамин ҷост, ки дар байни фармондеҳони давраи Ҷиҳод ёфтани шахсияти маъқул барои ҳамаи ҷонибҳо имкон надорад. Ҳар яке аз онҳо дар шикасту рехти даҳ соли ахир дар Афғонистон нақши муайяне иҷро кардааст. Шореҳон мегӯянд, ки таъйини симоҳои ҷадид ба ҳукумати муваққатии Афғонистон шаҳодати хатми давраи ҳукмронии фармондеҳон ва ё тавре мегӯянд: қумондон-соибҳо дар ин кишвар аст. Дар давоми шаш моҳи оянда раҳбарони нав имкон хоҳанд дошт, ки худро ба мардуми кишвар муаррифӣ намоянд ва сазовори боварии сокинони он гарданд. Бахше аз муваффақияти ин ҳукумат ба нақши подшоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Шоҳ ҳам робита дорад. Мардум чилсоли ҳукмронии Муҳаммад Зоҳир Шоҳро давраи тилоӣ меноманд. Вале то ҳанӯз нақши подшоҳи собиқ дақиқ нашудааст. Муҳаммад Зоҳир Шоҳ аз даъвои тахту авгранг даст кашидааст ва мехоҳад дар ибтидои соли оянда баъди 28 соли ғурбат ба Афғонистон баргашта, Лояи Ҷиргаи Фавқулоддаро сарварӣ намояд.

XS
SM
MD
LG