Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фардои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ чӣ гуна хоҳад буд?



Саидқосими Қиёмпур

Коршиносон мегӯянд, бояд кишварҳои СНГ ихтилофро барҳам зананд. Дар арафаи таҷлили 10-солагӣ Чомеъаи Муштаракулманофеъ оилаи ноаҳлеро мемонад, ки гирди дастархон ҷамъ омада рӯи ҳамдигар механданд ва аммо ҳар яке санге дар бағал дорад.

Коршиносон мегӯянд, бояд кишварҳои СНГ ихтилофро барҳам зананд. Дар арафаи таҷлили 10-солагӣ Чомеъаи Муштаракулманофеъ оилаи ноаҳлеро мемонад, ки гирди дастархон ҷамъ омада рӯи ҳамдигар механданд ва аммо ҳар яке санге дар бағал дорад. То имрӯз ихтилофи байни кишварҳои узви ин ниҳод коҳиш наёфтааст. Ахиран муносибатҳои байни Русияву Гурҷистон сардтар шуданд - мақомоти Гурҷистон низомиёни Русияро дар бомбаборони деҳаҳои наздимарзӣ муттаҳам намуданд. Президент Владимир Путин бомбаборони қаламрави Гурҷистонро зери шӯбҳа қарор дод. Ва аммо Эдуард Шеварднадзе мутмаъин аст, ин амал худсарӣ ва ё иштибоҳи низомиёни баландпояи Русия мебошад. Ҳарду изҳорот рӯзи чумъа дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ бахшида ба 10-солагии ин ниҳод садо доданд. Ҳарчанд президенти Гурҷистон иброз дошт, ки ҷонибдори рушди равобит бо Русия аст ва хилофи иттилоъи расонаҳои хабарӣ, кишвараш Ҷомеъаи Муштаракулманофеъро тарк гуфтанӣ нест, бомбаборони қаламрави Гурҷистон ва ба Русия наздиктар шудани Осетияи Ҷануби, яке аз собиқ устонҳои Грузия раҳнаи байни ду кишварро васеътар ва жарфтар месозанд. Ва аммо равобити байни дигар кишварҳои муштаркулманофеъ аз ин беҳ нест. Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки ҳамагӣ аъзои Ҷомеъаи Муштаракулманофеанд, ахиран ҳама роҳҳоро ба рӯи узви дигари ин ниҳод Тоҷикистон бастанд. Раисҷумҳури Белорусия Александр Лукашенко дирӯз дар Маскав аз амалӣ нашудани созишномаҳояш бо Русия нигаронӣ кард ва аммо аз он ёд наовард, ки Кремл аз Минск тақозо дорад қарзҳои зиёди худро пардохт намояд. Мавзӯи Карабоғи Кӯҳӣ низ бо вучуди мулоқотҳои ҳайатҳои Озарбойҷон ва Арманистон қадаме пеш нарафтааст. Ва пас аз нишасти пурасрор дар Беловежская пуша, ки зимистони соли 1991 бо ширкати сарварони се кишвари славянӣ Русия, Белорусия ва Украина сурат гирифта бо таъсиси Иттиҳоди нав анчом ёфт, чамоҳири собиқ Шӯравӣ то куҷо пеш рафтанд ва нақшаҳои ба истилоҳ наполеонии Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ татбиқ гаштанд ё на? Ба ақидаи Рашид Абдулло сиёсатшиноси тоҷик, СНГ ба ҷуз шикастани империяи СССР ва ба тадриҷ аз ҳам дур кардани кишварҳои собиқ Шӯрави ба татбиқи дигар ҳадафҳояш муваффақ нашудааст. Рашид Абдулло ба ояндаи Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ низ хушбин нест. Ба ақидаи ӯ, таъсиси созмонҳои ҷадид дар дохили СНГ кишварҳои узвро аз ҳам бештар дур мекунад. Аммо Брюс Панир коршиноси Родиёи Аврупои Озод-Родиёи Озодӣ мегӯяд, давраи душвортаринро СНГ паси сар намудааст ва баробари боло рафтани иктисодиёт ин Иттиход низ мустаҳкамтар мешавад. Айни ҳол коршиносон мегӯянд, то он лаҳзае, ки кишварҳои узви СНГ ба ихтилофи байниҳамӣ хотима нагузоранд ва ба ҷои эъломияҳо ба татбиқи барномаҳои мушаххас шурӯъ накунанд, рӯзи ба пораҳои алоҳида табдил ёфтани он дур нахохад буд.

XS
SM
MD
LG