Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бонн музокироти тарафҳо роҷеъ ба ояндаи сиёсии Афғонистон идома дорад



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Дар музокироти Бонн намояндагони Иътилофи Шимол ва ҷонибдорони Зоҳиршоҳ роҷеъ ба ҳайъати ҳукумати муваккатии давраи гузариш ба тавофуқ расиданд.

Дар Бонн музокироти тарафҳо роҷеъ ба ояндаи сиёсии Афғонистон идома дорад. Имрӯз ду ҷиноҳи бузурги Афгон - Эътилофи Шимол ва ҷонибдорони шоҳи собиқ Зоҳиршоҳ роҷеъ ба ҳайъати ҳукумати муваққатӣ ба тавофуқ расиданд, ки то моҳи март, то рӯзи баргузории Лоя Ҷирга фаъолият хоҳад дошт. СММ гуфт, гуруҳҳои рақиби афгон дар нишасти Бонн дар мавриди таъсиси ҳукумати ояндаи Афғонистон пешравӣ ба даст оварданд. Ду ҷиноҳи асосӣ- Иттиҳоди Шимоли Афғонистон ва ҷонибдорони шоҳи собиқ дар робита ба ояндаи сиёсии Афғонистон мавкеъи худро наздик мекунанд. Аҳмад Фавзӣ сухангӯи фиристодаи хоси СММ дар умури Афғонистон гуфт, чор ҷиноҳи нишаст изҳор мекунанд, ки хоҳиш доранд дар тӯли ҳафта ба созиш бирасанд. Аҳмад Фавзӣ афзуд, СММ умедвор аст, ки гурӯҳҳои афғон қарори мушаххас ба даст меоранд ва ё ҳалли ақал дар мавриди шакли Шӯрои Даври гузариш ва маъмурияти даври гузариш ба ҳамдигарфаҳмӣ мерасанд. Дар Афғонистон ҷойгир кардани нирӯҳои байналмилали посдори сулҳ дар байни намояндагон баҳсҳои тӯлониро ба бор овард. Ҳатто дар байни намояндагони Эътилофи Шимол ин суол баҳсҳо доир кард. Вазири умури хориҷии Эътилоф доктор Абдулло мегӯяд, дар бархе маврид истиқрори нирӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон имкон дорад. Аммо Вазири умури дохилаи Эътилоф Юнуси Қонунӣ зидди ин пешниҳод баромада, эълом дошт, ки Эътилофи Шимол қудрате дорад, ки амну низомро дар кишвар худ таъмин намояд.

XS
SM
MD
LG