Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаранҷӣ ё худ чодар барои шарқиён вожаи нав нест



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Занҳо дар мамолики собиқи Шӯравӣ аз кинофилмхо хуб дар ёд доранд, он солу замонеро, ки бонувон аз 8 солагӣ, аз рӯзе ки ба истилоҳи маъруфи тоҷикон духтар ба синни гуноҳ мерасид, зери фаранҷӣ қарор мегирифтанд.

Занҳо дар мамолики собиқи Шӯравӣ аз кинофилмхо хуб дар ёд доранд, он солу замонеро, ки бонувон аз 8 солагӣ, аз рӯзе ки ба истилоҳи маъруфи тоҷикон духтар ба синни гуноҳ мерасид, зери фаранҷӣ қарор мегирифтанд. Чанд тан аз занҳои тоҷик 8 марти соли 1924, 9 моҳ қабл аз эъломи Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон дар Душанбеву Хуҷанд чодарпартоӣ карда, ба рӯйхати қахрамонони миллӣ шомил гардиданд, аммо ба рӯйхати сиёҳи босмачиён даромаданд, зумрае ба қатл расиданд. Шоирон чодарпартоиро месуруданд ва бо ин ҳама то солҳои 80и асри ХХ вожаи фаранҷӣ ба луғат ва худи он дар паҳлӯи экспонатҳои нодири музейҳо ҷой гирифтанд. Аммо баробари пирӯзии инқилоби исломӣ дар Ирон чодар дубора ҳувайдо гардид. Ва на танҳо дар мамолики исломӣ. Имрӯз дар бархе аз деҳоти Тоҷикистон бонувони чодар пӯшро метавон дучор шуд. Дехаи Чоркӯҳи Исфараи Вилояти Суғд, ки таи солҳои ахир занҳо оҷилан бурқапӯш мешаванд, далели беҳтарини ин гуфтаҳост. Ва аммо Афгонистон. Давлати Исломии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ занҳоро ба чаҳорчӯбаи қавоини исломӣ даровард. Зани бо кӯшиши Шӯравӣ рӯи вазифа омада, сару либоси аврупоӣ ба бар карда, оҷилан сатрпӯш шуд. Аммо занҳои афғон танҳо баъд аз рӯ ба рӯ шудан бо Толибон ва бо "исломи тунд"-и онҳо, дарк карданд, ки замони Афғонистон барои онҳо давраи ниҳояти кор набудааст. Чодару фаранҷихо дар баробари бӯрқаъи Толибон хеҷ буд! Чодари ихтироъи Толибон ҷавобгӯй занро ба як ҳайкали кафанҷпеч мубаддал кард. На по, на сар, на рӯй ва ҳатто мӯи зан дида намешуд. Садои зан бояд дар кӯча намебаромад. Зан аз ҳуқуқи кор, баромадан ба кӯча бе зарурати таъхирнопазир, сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳр маҳрум гардид. Саркашӣ аз талаботи ба истилоҳ шаръии Толибон саркашӣ кардан, метавонист занро сӯи варзишгоҳи марказии Кобул раҳнамо кунад, ки он ҷо ӯро тири автомати Калашников, аз пушти сар интизор буд. Мардум дар Афғонистон аз дидани телевизион ва сипас ҳатто аз шунидани магнитофон ва радио - бидуни радиои Шариат, ки аз нашунидани ҳамин радиову телевизион хӯшдор медод, маҳрум гардид. Дар ин бастагӣ Толибон барои нигоҳ доштани таносуби беҳуқуқиҳо тарошидани ришро барои мардон манъ карданд. Толибон занҳоро маҷбур мекарданд, ки ба олам аз тирезаи панҷараи чодари толибона нигоҳ кунанд. Даричае, ки тибқи талаботи шариъати Толибон аз чанд сантиметр зиёд набуд. Рӯзи якшанбеи 11 ноябри соли 2001-ум, баъд аз шикасти Толибон дар хатти Ҷабҳаи Шимол занҳои Афғонистон чун занҳои тоҷикистонӣ дар соли 1924 дар Мазори Шариф чодарпартоӣ карданд. Онҳо бурқаъи толибиро аз сар андохтанд, ва бо чеҳраи боз аз ҷангиёни Эътилофи Шимол истиқбол карданд. Ду рӯз баъд занҳои Кобул чодар андохтанд. Садои зан аз тариқи Радиои Кобул баробари воридшавии Эътилофи Шимол ба пойтахт садо дод. Баробари чеҳраи бози зан ба Кобул мусиқии аз тарафи Толибон инкору ронда шуда, бозгашт. Тӯйҳои арӯсӣ дар Кобулу Мазори Шариф баргузор шуд. Арӯсон бо чеҳраи боз паҳлӯи домодҳои бериш саф кашиданд. Ба рағми идеологияи Толибон дар тӯйҳо на амри маъруфи муллохо балки суруду мусиқӣ садо дод. Аммо дар оянда чӣ? Бархе аз коршиносон мегӯянд, шояд ин гузаришҳои ба истилоҳ дунявии Афғонистон ба хотири нишон додани назари муътадили худ ба дархостҳои "демократии" мардум бошад. Аз ҷониби дигар то ҳол маълум нест, ки кӣ сари қудрат меояд ва ояндаи зани афғон чӣ хоҳад буд? Охири ҳафтаи гузашта бори нахустин баъд аз панҷ соли ҳукумати Толибон аз радио садои зан садо дод ва баъдтар дар телевизионҳои худ кобулиён чеҳраи бози занро диданд ва аз забони зан навигариҳои ҷаҳонро шуниданд. Аммо як гул баҳор нест мегӯянд. Барои миллионҳо зану духтарони Афғонистон имрӯз ҷойҳои корӣ лозим аст. Бе ҷойи кор гумон аст, зан чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар дигар кишвари дунё озод буда тавонад. Нахустин пайки раҳоӣ аз исломи иртиҷоӣ ва тунди Толибон дар Афғонистон ба кор шурӯъ кардани радиову телевизиони маҳаллӣ гардид. Дар ҳамин маврид занҳои наттоқ ва рӯзноманигори афғон дубора сари кор омаданд, ки барои мардуми Афғонистон як падидаи нав буд. Занҳо дар чанд шаҳр бурқаъи толибонро андохтанд.

XS
SM
MD
LG