Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд: Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ояндаи шукуфон доранд



Салими Аюбзод

Бо вуҷуди ин ки бӯҳрон дар Афғонистон идома дорад ва толибҳо аз таслими бен Лодин саркашӣ карда, кишвару мардуми худро ҳадафи бомбаборон қарор додаанд, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бар инанд, ки дар Афғонистон сулҳ барқарор хоҳад шуд ва ҳамкориҳои он бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳамаи тарафҳо манфиати бузург хоҳад овард.



Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, омода аст дар ҳоли мӯътадил шудани вазъият дар Афғонистон ба эҳёи иқтисодии он кӯмак кунад, вале бозсохти иқтисодиёти ин кишвар баъди даҳсолаҳои ҷангу харобӣ кори миёншикан хоҳад буд. Вилйем Бютер, сариқтисодчии банки аврупоӣ бар ин аст, ки дар навбати аввал бояд бахши хусусии иқтисодиёти Афғонистон фаъол гардонида шуда, дар баробари рушди тиҷорат ба тавлид ва судури мол таваҷҷӯҳ дода шавад. Ба ақидаи Бютер Афғонистон дар навбати аввал метавонад, моли худро барои бозорҳои Осиёи Марказӣ таҳия намояд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар робита бо сулҳу осойиш дар Афғонистон ба пешрафти муҳими иқтисодӣ даст хоҳанд ёфт ва Бютер мегӯяд, бояд таҳаввулоти иқтисодии ҳамаи минтақаро дар ҳамоҳангӣ пеш бурд. Вазъияти ахири минтақа, меафзояд намояндаи Банки аврупоии Бозсохт ва рушд, таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба Осиёи Марказӣ ба сурати сарнавиштсоз афзойиш медиҳад. "Ман намегӯям, ки ҷанг барои ин кишварҳо хуб аст, меафзояд Бютер, аммо бо сабаби ин ки ҷанг барои онҳо низ мушкилоти зиёде ба бор меорад ва ҳатто метавонад, ба иқтисолдиёти онҳо низ зарба занад, билоохира, имконияти ҳалли ин мушкилотро бо ёрии байнулмилалӣ зарур мегардонад, ки дар шаройити дигар ғайримумкин мебошад. Вақте ки чангу ғубор пойин менишинад ва кӯшишҳои бозсохти Афғонистон оғоз меёбанд, ҷаҳониён хоҳанд дид, ки ба чунин эҳё давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳам ниёз хоҳанд дошт. Аз ҷониби дигар, меафзояд Виллем Бютер Афғонистони ором барои давлатҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои густардаи судури молу захираҳои хомро фароҳам хоҳад овард. Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон моле ҳаст, ки аз нафт ҳам гаронбаҳотар, аммо ин ҳанӯз ба назарҳо нарасидааст. Ман, мегӯяд Бютер, оби ошомиданиро дар назар дорам. Ин ду кишвар захираҳои бузурги оби тозаро соҳибанд, аммо онро ба хориҷа бароварда наметавонанд. Туркманистон газ дорад, Қазоқистон газ ва нафт. Ӯзбакистон соҳиби чандин маъдани камёб аст ва саноаташ нисбатан пешрафта мебошад. Додугирифти ин кишварҳо бо Афғонистон ва аз тариқи Афғонистон ба хориҷа барои ҳамаи тарафҳо манфиат хоҳад овард. Нақши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама Ғарб ин хоҳад буд, ки ҳукуматҳоро ба ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкории густарда ташвиқ намуда, ба иқтисодиёти тамоми минтақа сармоягузорӣ кунад ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ бояд барномаҳои ҳамоҳанги ин пешрафтро таҳяиву амалӣ созанд. Аммо пеш аз ҳамаи ин сулҳу оромӣ бояд ба Афғонистон баргардад.

XS
SM
MD
LG