Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коффи Аннон кишварҳои донорро ба кӯмаки муҳоҷирони афғон даъват кард



Соҷидаи Мирзо

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон Созмони Милали Муттаҳида ба ҷамъоварии ним миллард доллар ниёз дорад. Ин маблағ барои кӯмак ба ҳашт миллион афғони дохили кишвар ва паноҳандагони афғон дар Покистон ва Ирон равона мешавад, ки бинобар қатъи барномаҳои таъмини озуқа, ба думболи ҳуҷуми террористӣ ба Амрико, ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон Созмони Милали Муттаҳида ба ҷамъоварии ним миллард доллар ниёз дорад. Ин маблағ барои кӯмак ба ҳашт миллион афғони дохили кишвар ва паноҳандагони афғон дар Покистон ва Ирон равона мешавад, ки бинобар қатъи барномаҳои таъмини озуқа, ба думболи ҳуҷуми террористӣ ба Амрико, ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аннон афзуд, сарфи назар аз он ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид Толибонро сабабгори густариши бӯҳрон медонад, мардуми бегуноҳи Афғонистон набояд муҷозот шавад ва барои рафтори ҳукумати худ ҷавоб гӯяд. Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид баён дошт, ки ҷаҳон дар муқобили терорризм муттаҳида шудааст ва хуб аст, ки баробар бо ҳамин дар муқобили бадбахтиҳо ва пуштибонӣ аз қурбониёни ҳолатҳои фавқуллода муттаҳид шавад. Дар Вошингтон сухангӯи Департаменти Давлатии Амрико Ричард Боучер гуфт, сарфи назар аз ултиматум ба Толибон оиди таслими Бин Лоден ба Амрико, ба дархости кӯмак посухи саховатмандона медиҳад. 188 миллон доллар, аз маблағи умумӣ барои таъмини озуқа сарф хоҳад шуд, ки бинобар набуди кормандони хайрия дар Афғонистон асосан тавассути ҳавопаймоҳо интиқол меёбад. Намояндаи ожонсии Созмони Милали Муттаҳида дар умури кӯмакҳои оҷил Каролин Макаские гуфт, дар ҳоле, ки ҳамаи марзҳои давлатҳои ҳамсоя бо Афғонистон баста шудаанд, дарёфти ғизо низ хеле душвор гардидааст. Президенти Шӯрои Амният Ҷин Девид Левит аз Франция мегӯяд, дар 10 соли ахир вазъи Афғонисттон ба шиддат бад шуд. Ба гуфтаи ӯ 15 кишвари Узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои кӯмак ба мардуми бадбахти Афғонистон изҳори омодагӣ мекунанд. Аммо меафзояд, Толибон маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардаанд, ки расонидани кӯмаки хориҷиро номумкин мекунанд. Ӯ масъулияти чунин вазъ ва паёмади онро ба души Толибон гузошт, ки терористи байналмиалалӣ Усома бен Лоден, масъули ҳуҷум ба Амрико ва тероррҳои қаблиро таслим намекунанд. Лидери Толибон мулло Муҳаммад Умар гуфт, дар сурати ҳуҷум ба Афғонистон миёни Амрико ва Русия фарқе нахоҳад монд.

XS
SM
MD
LG