Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон далелҳои зидди Усома бен Лодинро "муассир" номид



Соҷидаи Мирзо

Покистон гуфт, далелҳои Иёлоти Муттаҳида дар бобати даст доштани Усома Бен Лодин дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябр дар Амрико муассир ва қобили муҳокима дар додгоҳ медонад.

Покистон гуфт,ки Иёлоти Муттаҳида шаҳодати кофии даст доштани Бен Лоден дар ҳуҷуми террористии 11 сентябр ба Амрикоро дар ихтиёри мақомоти кишвар гузошт. Сухангӯи вазорати хориҷии ин кишвар Риёз Муҳаммад Хон гуфт, ки шаҳодати ин бастагӣ рӯзи гузашта ба дасти мақомоти Покистон расид. Риёз Муҳаммад Хон гуфт: "Мо маводеро, омӯхтем, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида таъмин шуд. Ин санадҳо, бидуни шубҳа асоси кофиро барои мурофиъаи қонунии додгоҳ таъмин мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷӣ афзуд, Покистон барнома надорад, ки ин шаҳодатҳоро ба Толибон нишон диҳад.

XS
SM
MD
LG