Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ва Америка: Ҳамкорӣ дар табодули маълумот



Мирзонабии Холиқзод

Вазири дифоъи Тоҷикистон ва фиристодаи Иёлоти Муттаҳида вазъи минтақа ва самтҳои ҳамкории дуҷонибаро дар муборизаи зидди террорисм дар мулоқот дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд. Тоҷикистон ризоият додааст, ки дар ҳоли ҳозир метавонад бо Иёлоти Муттаҳида дар табодулаи маълумот ҳамкорӣ кунад.



Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва вакили мӯътамади Иёлоти Муттаҳида дар умури Тоҷикистон Ҷеймс Баунер дар як мулоқот дар Душанбе самтҳои ҳамкории ду тарафро дар амалиёти зидди террорисм дар минтақа баррасӣ карданд. Тибқи баёнияи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ин ҳамкорӣ танҳо дар риштаи табодули маълумот сурат хоҳад гирифт. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Америка дар ин амалиёти зидди террорисм хеле густардатар аз табодулаи маълумот буда метавонад, вале ба назар мерасад, тарафҳо ҳанӯз барномаҳои дигари ҳамкориро мавриди гуфтугӯ қарор надодаанд. Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ дар мавқеъи муҳими стратегӣ воқеъ аст ва аҳамияти фурудгоҳҳои онро Вашингтон тасдиқ мекунад. Фиристодаи Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин бо сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид намуд.

XS
SM
MD
LG