Пайвандҳои дастрасӣ

Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳуҷуми терористӣ ба Амрикоро шадидан маҳкум намуданд



Соҷидаи Мирзо

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи ҷумъа бо пахши як изҳорот ҳуҷуми терористӣ ба Амрикоро шадидан маҳкум намуда барои кӯмак ба Ийолоти Муттаҳида дар маҳви ба гуфтаи онҳо ин "қувваи аҳриман" изҳори омодагӣ карданд.

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи ҷумъа бо пахши як изҳорот ҳуҷуми терористӣ ба Амрикоро шадидан маҳкум намуда барои кӯмак ба Ийолоти Муттаҳида дар маҳви ба гуфтаи онҳо ин "қувваи аҳриман" изҳори омодагӣ карданд. Нахуствазирони шаш кишвари узви созмон мегӯянд, ба тероризми байналмилалӣ танҳо бо роҳи иттиҳоди ҳамаи давлатҳо метавон ғалаба кард. Дар нишасти қаблӣ Созмони Шанҳай аз барномаи Амрико ҷиҳати бунёди системаи дифоъи мушакӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба он мухолифат нишон доданд. Аммо ҳуҷуми терористӣ ба Амрико Русия ва Чин раҳбарони созмони Шанҳайро водор мекунад, ки дар робита ба чораҳои амниятӣ бо Ийолоти Муттаҳида созиш кунанд.

XS
SM
MD
LG