Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нав ба Тоҷикистон



Холидаи Қодир

Рӯзи ҷумъа ҳукумати Япония ба Тоҷикистон ба маблағи 16 миллион доллар кӯмак фиристод. Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои рафъи оқибатҳои хушксолӣ истифода мешавад.

Рӯзи ҷумъа ҳукумати Япония ба Тоҷикистон ба маблағи 16 миллион доллар кӯмак фиристод. Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои рафъи оқибатҳои хушксолӣ истифода мешавад. Қаблан, Созмони Милали Муттаҳид, Федератсиони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва созмонҳои дигар ҳушдор дода буданд, ки дар натиҷаи хушксолӣ беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Дар ин миён Созмони Ҷаҳонии Озуқа иттилоъ дод, ки имрӯз интиқоли маводи хӯрокаро ба муҳоҷирони афғон, ки дар ҷазираҳои дарёи Панҷ ба сар мебаранд, шурӯъ кард. Созмони Озуқа мегӯяд, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ ба паноҳандагон 23 тонна хӯрока фиристода мешавад. Аз моҳи феврал то кунун ин созмон ба муҳоҷирони сокини ҷазираҳои Панҷ 65 тонна озуқаворӣ интиқол додааст.

XS
SM
MD
LG