Пайвандҳои дастрасӣ

19 ҳазор маҳбус авф хоҳанд шуд



Тоҳир Сафар

Маҷлиси Намояндагон рӯзи 23 август бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмонов қонуни авфи умумро қабул кард.

Бо қабули қонуни авфи умум дар Тоҷикистон 19 ҳазор маҳбус авф хоҳанд шуд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагон рӯзи 23 август бо пешниҳоди раисиҷумҳури мамлакат қонуни авфи умумро қабул кард. Президент Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳузури вакилони мардумӣ изҳор дошт, қонуни мазкур дар робита ба ҷашни 10 солагии истиқлолияти кишвар таҳия шудааст. Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1993 то соли 1999 дар кишвар 8 маротиба авфи умум эълон шуда дар пайи он гуноҳи беш аз 21 ҳазор маҳбусон ва шахсони ҷинояткарда бахшида шудааст. Вале бо қабули қонуни феълӣ бори аввал дар кишвар чунин шумори бузурги маҳбусон мавриди авф қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи санади мазкур зарари бештар аз 50 сола ва мардуми синашон бештар аз 55 сола сарфи назар аз мӯҳлати ҳукмашон комилан авф карда хоҳанд шуд. Зиннан занони ҳомила, маъюбон ва собиқадорони ҷанг низ аз маҳбас озод карда мешаванд. Эмомалӣ Раҳмонв афзуд, адами шароит барои нигаҳдошти беморони сил дар маҳбасҳо як омили авфи мубталоёни ин беморӣ шудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Вазорати Беҳдошти кишвар табобати ҳатмии ин беморонро ба думболи озод шудани онҳо аз маҳбасҳо тақозо намуд. Тибқи ин �онун, авфи заноне ҳам дар назар аст, ки бо миқдори ками маводи мухаддира дастгир шудаанд. Эмомалӣ Раҳмонов иброз дошт, ҷазои бархе аз маҳкумони мавриди авф қароргирифта ноодилона буд.

Тибқи омори расмӣ, феълан дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор маҳбус нигоҳ дошта мешаванд. Аммо равшан нест, ки аз ин теъдод чанд нафар ба озодӣ мебароянд. Саидамир Зуҳуров муовини нахуствазири Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, тибқи ин қонун мӯҳлати ҳукми 7 ҳазор маҳбусон кӯтоҳ карда мешавад ва фақат онҳое аз қонуни авф барканор мондаанд, ки ҷиноятҳои хеле вазнин аз қабили куштор, тероризм ва гаравгонгирӣ содир кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон тақрибан 15 фоизи онҳое, ки аэ роҳи авф тарки маҳбас мекунанд дар озодӣ даст ба ҷиноят мезананд ва аммо дар шароити криминалие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад имкон дорад теъдоди ашхоси рецидивист аз ин рақам бештар бошад.

XS
SM
MD
LG