Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон дидбонии марзҳои худро бо Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳким медиҳад



Мирасрори Фарғонӣ

Мақомоти низомии Ӯзбакистон гуфтанд, онҳо тибқи дастури раҳбарияти кишвар ба таҳкими ҳифзи марзҳои Ӯзбакистон дар самти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар вилояти Сурхондарё ва водии Фарғона шурӯъ карданд.



Ба гуфтаи намояндагони мақомоти давлати Ӯзбакистон ба хотири мустаҳкам кардани дидбонии сарҳад нирӯҳои иловагӣ аз ҳисоби артиш ва ҳамчунин вазорати амнияту умури дохилӣ ба марз бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон фиристода мешаванд. Ин тақвият асосан дар самти Тоҷикистон дар вилояти Сурхондарё ва дар самти Қирғизистон дар водии Фарғона ба амал хоҳад омад. Нозирони маҳаллӣ бар инанд, ки чунин тасмими ҳукумат эҳтимолан дар заминаи маълумот оид ба нақшаи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба марзҳои Ӯзбакистон гирифта шудааст. Охири моҳи гузашта чунин ҳамлаҳо дар марзи Қирғизистон ба амал омаданд. Дар айни замон мақомоти ҳарбии Ӯзбакистон гуфтанд, чаҳор моҳ аст, ки дар манотиқи марзӣ ва баландкӯҳ машқҳои низомии нирӯҳои муттаҳида ҷараён доранд ва дар яке аз мавзеъҳои вилояти Сурхондарё бар асари задухӯрд бо як гурӯҳи номаълум ду сарбози артиши Ӯзбакистон маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG