Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияҳо ва тахминҳо роҷеъ ба ҷузъиёти қатли Раҳмон Сангинов



Мирзонабии Холиқзод

Дабири Шӯрои амнияти кишвар Амирқул Азимов хабари кушта шудани Раҳмон Сангиновро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ба гуфтаи ҷаноби Азимов бо ҳамин амалиёт алайҳи гурӯҳи Раҳмон Сангинов ба поён расид.



Кормандони вазорати умури дохилии кишвар рӯзи ҷумъа соати 6 субҳ зимни як амалиёт фармондеҳи пешини оппозитсиюн, сарвари гурӯҳи мусаллаҳи худсар Раҳмон Сангиновро ҳамроҳ бо як муҳофизаш Ёқуб Саъдиев ба қатл расонданд. Ин ҳодиса дар рустои Деҳбаланди Шӯрои ҷамоаи Роҳатӣ, дар ҳудуди 15-километрии шарқии пойтахт рух дод. Аммо ноиби дабири шӯрои амният Нуралишоҳ Назаров гуфт, то ҳол ҷасади ӯро надидааст ва аз ин рӯ наметавонад гӯяд, ки ин Раҳмон Сангинов аст ё не. Ноиби вазири умури дохила Давлатназар Булбулшоев хабари мазкурро тасдиқ карда, афзуд, як ҳайат таҳти сарварии ноиби дигари вазир ҷаноби Қаҳҳоров ба ҷои ҳодиса сафар намудааст. Намояндаи дафтари матбуоти ҳамин вазорат Давлатбӣ Бердиева гуфт, хоҳар ва наздикони дигари Раҳмон Сангинов ҷасади ӯро шинохтаанд. Дар мавриди амалиёти ҳукумат гуфта мешавад, Раҳмон Сангиновро бо як гуфтушунид бо намояндагони ҳукуматӣ даъват мекунанд, ҳангоме, ки ӯ ҳозир мешавад аз тарафи кормандони милиса ба Раҳмон қатл расонда мешавад. Назари дигаре вуҷуд дорад, ки гӯё пинҳонгоҳи Раҳмон Сангиновро ошкор мекунанд ва зимни ҳамлаи кормандони милиса кушта мешавад. Аммо бархе аз манобеъи дигар мегӯяд, Раҳмон Сангинов тибқи як фармони мармуз бо дасти собиқ ҳамҷабҳаҳояш ба қатл расидааст. Яке аз тахминҳои дигар ҳамин аст, ҳангоме, ки кормандони милитса Раҳмон Сангиновро маҷбур мекунад, ки таслим шавад, ӯ ба худкушӣ даст мезанад. Аммо дабири Шӯрои амнияти кишвар Амирқул Азимов ин тахминҳоро рад кард. Ёдовар мешавем, амалиёти зидди Раҳмон Сангинов 22 июн шурӯъ шуда буд. Ин амалиёти дар паи аз ҷониби Раҳмон Сангинов ва Муаккалов 11 июн гаравгон гирифта шудани 9 шаҳрванд бо кормандони милиса оғоз карда шуд. Тибқи гузоришҳои расида, дар ҷараёни амалиёти ҳукумат даҳҳо афроди осоишта аз ҷумлаи занон ва кӯдакон кушта шудаанд. Баъдан дар мавзеи Ромит фармондеҳи Мансур Муаккалов кушта гардид. Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд ҷониби ҳукумат ин амалиётро поёнёфта меҳисобад, ҳанӯз 20 ҷонибдори мусаллаҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов дар озодиянд.

XS
SM
MD
LG