Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳаракат дар роҳи оҳани Душанбе--Аштархон



Салими Аюбзод

Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва сангин бо мақомоти роҳи оҳани Русия ва Қазоқистон идораи роҳи оҳани Тоҷикистон эълон кард, ки аз 25-уми июл мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар масири Душанбе--Аштархон шурӯъ мешавад. Тарафи Русия то ҳанӯз розӣ нест, қатораҳои Тоҷикистон вориди манотиқи марказии ин кишвар ва шаҳри Маскав шаванд.

Баъди танаффуси якуниммоҳа, сар аз 25уми июл ҳаракати қатори роҳи оҳан дар масири Тоҷикистон--Русия оғоз хоҳад шуд. Аз ҳамин рӯзи чоршанбе мусофирони роҳи оҳан метавонанд аз Душанбе то Аштархон ва ё Астрахан сафар кунанд. Муовини сардори хидмати мусофирбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон Карим Мӯминов ба хабаргузории Ховар гуфт, ҳаракати қатори Душанбе--Маскав дар заминаи қарзҳои калони идораи роҳи оҳани Тоҷикистон аз ҳамкорони рус ва қазоқи худ ба миён омад. Ҳоло ба гуфтаи ҷаноби Мӯминов ин мушкил ҳал шудааст ва ба хотири харҷи камтар қаторҳои Тоҷикистон фақат то Аштархон сафар мекунанд. Ин поезд ҳар рӯзи чоршанбе аз истгоҳи марказии роҳи оҳани Душанбе дар соати ҳашту сиюпанҷ дақиқаи субҳ ба ҳаракат медарояд. Аммо роҳиоҳанчиёни Русия сабаби напазируфтани қатораҳои Тоҷикистонро на танҳо қарзҳои ҷамъшуда, балки шакли бади вагонҳо ва нотозагии онҳо, аз меъёр зиёд будани мусофирон, қочоқи маводи мухаддир ва ғайр зирк кардаанд. Телевизиони Русия қатораи Душанбе--Маскавро вагони ҷиноӣ яъне криминалӣ номидааст. Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар ин самт ба чӣ дигаргунӣ ва пешрафтҳо даст ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG