Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо: Фақр ҳамчун сарчашмаи эҳтимолии низоъ дар Ғарм



Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо

Хушксолии соли 2000-ум минтақаи Ғармро бо хасороти калон мувоҷеҳ кард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯняд, ки барои истеҳсоли миқдори кофии озуқа кишоварзони минтақа ба тухмии гандуму картошка ва нуриҳои маъданӣ ниёз дорад. Мавқеи стратегии минтақаи Ғарм онро ба маркази ташаннуҷи ҷадид табдил додааст.

Тоҷикистони ҳамсарҳад бо Чину Афғонистон яке аз камбағалтарин ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ мебошад. 93% қаламрави ин кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон дар байни ҷамоҳири Шӯравӣ ҷои якумро мегирифт ва ин кишвар дар ҳамон давра ҳам аз сатҳи баланди бекорӣ азият мекашид. Раванди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ки дар солҳои ҳаштодум бо номи "Перестройка" шурӯъ шуд, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ба поён расид. Рукуди иқтисодӣ саросари кишварро қашшоқ намуд. Имрӯз беш аз 80 % сокинони Тоҷикистон камбағал мебошад. Хатми Ҷанги Шаҳрвандӣ аҳволи иқтисодии Тоҷикистонро каме тағйир дода бошад ҳам, бӯҳрони молии соли 1998и Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошт. Минтақаи Ғарм ба монанди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бахшҳои каммаҳсули Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Минтақаи Ғарм аз ҷанубу шарқ бо Бадахшон ва аз шимол бо Қирғизистон ҳаммарз аст. Он ба кадом яке аз вилоятҳои кишвар шомил намебошад ва ноҳияҳои ин мавзеъ, яъне Ғарм ва ё Рашт, Ҷиргатол, Дарбанд, Тоҷикобод ва Тавилдара, дар гурӯҳи хосе бо номи "Навоҳии Тобеи Ҷумҳурӣ" гирд оварда шудаанд.

Беш аз 95 % сокинони минтақаи Ғарм дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва гуфта мешавад, ки дар солҳои ҷанги Шаҳрвандӣ онҳо аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Иттиҳоди Неруҳои Мухолифин пуштибонӣ мекарданд. Задухӯрдҳои вазнинтарини ҷанги дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Ғарм ва хусусан ноҳияи Тавилдара ба вуқӯъ пайвастаанд. То имзои Созиши Сулҳ кормандони созмонҳои байналмилалӣ аз сафар ба минтақаи Ғарм худдорӣ мекарданд ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ин ҷо хеле заиф буданд. Ба қавли шореҳон вазъи минтақа ҳоло ҳам устувор нест ва аз ҳукумати марказӣ кумаки зиёд дастрас карда наметавонад. Амалан баъзе мавзеъҳои минтақа назар ба раҳбарони ҳукумати маҳаллӣ бештар ба фармондеҳони собиқи Иттиҳоди Неруҳои Мухолифин тобеъ мебошанд.

Ба шарофати иқлими нарм ва захираи фаровони об кишоварзони минтақаи Ғарм имкони боғу сабзавотпарварӣ ва ғаллакорӣ доранд. Дар минтақа ба ҳадди муайян чорводорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Хушксолии соли 2000-ум минтақаи Ғармро бо хасороти калон мувоҷеҳ кард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯняд, ки барои истеҳсоли миқдори кофии озуқа кишоварзони минтақа ба тухмии гандуму картошка ва нуриҳои маъданӣ ниёз дорад.

Мавқеи стратегии минтақаи Ғарм онро ба маркази ташаннуҷи ҷадид табдил додааст. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя бар ин ақидаанд, ки солҳои 1999-ум ва 2000-ум ифротгароҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон маҳз аз қароргоҳҳои худ дар минтақаи Ғарм болои Қирғизистон ҳуҷум ба роҳ монданд.

Куштори раиси ноҳияи Ғарм дар моҳи июни соли гузашта ва гаравгонгириҳои ахир шаҳодати он аст, ки то ҳанӯз дар ин ҷо масъалаи тақсими қудрат ба поён нарасидааст. Дар оянда тараққии иқтисоди минтақаи Ғарм, ба ваҷҳи умум, аз назму субот дар Афғонистон ва худи Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG