Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 9 километрии пойтахт якчанд ходими полис гаравгон гирифта шуд



Саидқосими Қиёмпур

Соати 14-и рӯзи душанбе, гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ, баъди ҳуҷум ба постгоҳи пулис дар 9 километрии пойтахт, якчанд ходими Вазорати Дохилиро гаравгон гирифт.

Соати 14-и рӯзи душанбе, гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ, баъди ҳуҷум ба постгоҳи пулис дар 9 километрии пойтахт, якчанд ходими Вазорати Дохилиро гаравгон гирифт. Ҳодиса дар минтақае ба вуқуъ пайваст, ки дар собиқ таҳти контроли оппозитсиюн қарор дошт ва ҳоло низ фармондеҳони собиқи муходлифин дар он нуфуз доранд. Маншаи ҳодиса маълум нест аммо ин минтақа дар гузашта бо гарвгонгирии бешумор ва беномунишон шудани шаҳрвандон секунаҷаи Бермут ном гирифта буд. Мақомоти ҳукумат хабари гаравгонгириро тасдиқ карданд, аммо дар бораи теъдод ва шахсияти одамрабоён ва ё гаравгонҳо изҳори беиттилоъӣ намуданд. Дар бораи талаби гурӯҳи одамрабо то ҳол иттилоъе мавҷуд нест.



XS
SM
MD
LG