Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши истеҳсоли афюн дар Афғонистон?



Грегори Глисон (ЕвразияНет)

Дар ҳоле, ки таъсири коҳиши истеҳсоли афюн дар Афғонистон шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро дар саросари Осиёи Марказӣ ба ҳоли шок овардааст, нархи ҳеруин дар бозори Аврупо ва Авроосиёи муътадил боқӣ мемонад.

Дар ҳоле, ки таъсири коҳиши истеҳсоли афюн дар Афғонистон шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро дар саросари Осиёи Марказӣ ба ҳоли шок овардааст, нархи ҳеруин дар бозори Аврупо ва Авроосиёи муътадил боқӣ мемонад. Ин вазъ далели он аст, ки коҳиши кишти афюн дар Афғонистон ҳануз ба истемолкунандаи маводи мухаддир таъсир нагузоштаст. Аммо мутахасисони қочоқи маводи мухаддир мегуянд, таъсири манъи кишти кукнорро метавон соли оянда интизор шуд. Феълан шуруъи ҳисоббаробаркунӣ ва ё ба гуфтаи мафияи Руссия "разборкаҳои" гуруҳҳои қочоқбари Осиёи Марказӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ба тағйироти шадиди бозори маводи мухаддир омодагӣ мегиранд. Зимнан, гуруҳи марзбони Руссия дар Тоҷикистон мегуяд, ки ахиран қочоқи маводи мухаддир ба таври рузафзун зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи май марзбонон аз 15 қочоқбар 150 кило ҳируин боздошт намуданд, ки аз Афғонистон меомаданд. Афғонистон ҳануз ҳам яке аз кишварҳои аслии истеҳсолкунандаи афюн дар ҷаҳон аст. Гуфта мешавад, ки бахши бузурги афюн дар манотиқи Қандаҳор ва Ҳилманд мутамарказ аст, ки таҳти контроли Еолибон қарор доранд. Аммо аз соли 1990 кишти кукнор дар манотиқи Шимолӣ, таҳти назари лидери оппостисиюн Аҳмадшоҳ Масъуд низ густариш ёфт. Муассисаи СММ дар умури контроли маводи мухаддир мегуяд, ки бо ин ҳол Осиёи Марказӣ ба шоҳроҳи интиқоли ҳеруин ва афюн табдил меёбад. Кукнор дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ асрҳо боз вуҷуд дошт, аммо бештар барои эҳтиёҷоти тиббӣ истифода мешуд ва мардум ба хатари истифодаи кунор сарфаҳм мерафтанд. Дар замони шуравӣ хариду фуруши маводи мухаддир ҷилавгирӣ мешуд. Аммо гуфта мешавад, ки системаи хароби молии Собиқ шуравӣ аз фуруши ғайриконунии мавод мухддир баҳра мебардошт. Футури коммунизм ба думболи шикасти иқтисодӣ ба рушди истеҳсоли қочоқи маводи мухаддир кумак кард. Мероси ҷанги беш аз 20 солаи Афғонистон ҳамроҳ бо густариши фасодкорӣ дар Осиёи марказӣ ва омилҳои дигар кори сохторҳоеро, ки мебоист аз қочоқи маводи мухидир ҷилавгирӣ кунанд, халалдор кардааст. Соли 1997, бади таҳаммули тулонӣ ва ҳатто ҷонибдорӣ аз қочоқи маводи мухаддир лидери Толибон Мулло Муҳаммад Умар ба коҳиши кишти кукнор даъват кард ва баъдан дар соли 200ум эълон дошт, Қуръон кишт ва фуруши кунорро комилан маън мекунад. Ожонсиҳои Созмони Милали Муттҳид заминҳои кишти кукнорро дар бъзе мантиқи Афғонистон тафтиш кард ва гуфт, амри Мулло Умар роҷеъ ба манъи кишти кукнор татбиқ мешавад. Муаян шудани таъсири манъи кишти кукнор дар кутоҳмуддат маънои муваффақияти он дар дарозмуддатро надорад. Зеро кукнор манбаъи даромади Толибон аст. Манъи кишти кукнор ба тавлидкунандагони бузурги афюн имкон медиҳад, ки таъинкунандаи киммати мавод дар бозор бошанд. Тибқи гузоришҳо якчанд захирагоҳи бузурги афюн дар қисмати шимолии Покистон мавҷудаст, ки эҳтимолан барои ба даст овардани фоидаи бештар нигоҳ дошта мешаванд. Ҳарчанд тасвири аслӣ дар бораи роҳҳои асосии интиқоли маводи мухаддир рушан нест, аммо эҳтимолан, қочоқбарони маводи мухаддири Осиёи Марказӣ танҳо дар интиқоли бахши начандон бузурги ин маводи афғонӣ мусъулият доранд. Боздошти қочоқбарон бо миқдори камтари маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ба сурати умум ба захираи аслии ин мавод таъсири зиёд надорад. Бахши бузургтари маводи мухаддир ҳануз ҳам бо истифода аз роҳҳои муаяни Покистон ба хориҷ бурда мешаванд. Феълан дар Осиёи Мар0казӣ барои нуфуз бар роҳҳои интиқоли маводи мухаддир сабқате шуруъ шудааст, ки натиҷаи он дар ерархия боқӣ мондани кадом гуруҳ ва аз он хориҷ гардидани гуруҳҳои дигарро муаян хоҳад кард. Ва низоъе, ки ин сабқат ба думбол дорад, паёмади назаррас хоҳад дошт.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG