Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ағбаи Алла Бели шоҳроҳи Бишкек-Ош, 21 мусофир ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд



Хоҷа Мирзода

Рӯзи панҷшанбе автобуси "Мерседес"-и мансуб ба яке аз муассисаҳои Тоҷикистон дар гардиши километри 219-уми шоҳроҳи Бишкек-Ош аз роҳ берун баромада, ба ҷарӣ рафт.

Талантбек Соғинбоев муовини раиси ҳукумати ноҳияи Тохтагули Қирғизистон дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР ТАСС гуфт, ки рӯзи панҷшанбе автобуси "Мерседес"-и мансуб ба яке аз муассисаҳои Тоҷикистон дар гардиши километри 219-уми шоҳроҳи Бишкек-Ош аз роҳ берун баромада, ба ҷарӣ рафт. Аз 50 мусофири дохили автобус 21 нафар ба ҳалокат расид. 19 мусофир бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористони ноҳияи Тохтагул интиқол дода шуданд.

Комиссияи махсуси ҳукумати Қирғизистон сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад. Феълан дар шоҳроҳи Бишкек-Ош тармиму таъмир гузаронида мешавад ва дар баъзе бахшҳои он рафтуомад манъ аст. Аз эҳтимол дур нест, ки "Мерседес"-и мусофиркаш пинҳонӣ аз посгоҳҳои милиса убур намуда, ба шоҳроҳ дохил шудааст. Ба қавли Талантбек Соғинбоев ба ғайр аз автобуси ёдшуда дар ҷои ҳодиса касе боқӣ намонд. Номҳои маҷрӯҳон ошкор мебошанд, аммо то ҳанӯз ному насаби баъзе аз қурбониҳои фоҷеа ошкор нашудаанд. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз шаҳри Бишкек иттилоъ медиҳад, ки ҳамаи мусофирони автобуси суқут намуда, шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва аз шаҳри Новокузнецки Русия ба воситаи Қирғизистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон бармегаштанд. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон муовини вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Қирғизистон Тилекбек Киштобаев изҳор намуд, ки тибқи гузоришҳои пешакӣ сабаби фоҷеа камбудӣ дар низоми тормози автобус мебошад.



XS
SM
MD
LG