Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаи назари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба вазъият дар Тоҷикистон



Мирасрори Фарғонӣ

Президенти Ӯзбакистон гуфт, "агар воқеан нирӯҳои Тоҷикистон қодир нестанд, ки марзҳои саросари кишварро таҳти назорат қарор диҳанд бояд Раҳмонов моро ба кӯмак даъват кунад ва гӯяд, ки кадом минтақаҳо зери назорати мо қарор хоҳанд гирифт. Он гоҳ аз хавфи вуруди гурӯҳи мусаллаҳ ҳама эмин хоҳем монд."



Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон рӯзи ҷумъа дар танаффуси иҷлосияи маҷлиси олии кишвараш барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд. Вай иброз дошт, Ӯзбакистон дар моҳи июни имсол ба Форуми Шанхай узв хоҳад шуд ва ин ба вазъи амниятии кишвараш кӯмак хоҳад кард. Ислом Каримов гуфт, пӯшида нест, ки гурӯҳҳои мухталиф бо ниқоби ислом маҳз ба воситаи Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медиҳанд ва метавон гуфт, ки тамоми созмонҳои исломӣ чун Ҳизбут-Таҳрир зери ҳамин парчам фаъолият мекунанд. Вай афзуд, як қисми маводи мухаддире, ки дар Афғонистон тавлид шудааст, бештар аз тариқи роҳи Тавилдара, Хоруғ, Фархор, Маскави Тоҷикистон ва Оши Қирғизистон ба кишварҳои дигар интиқол меёбад. Ислом Каримов таъкид кард, Узбакистон танҳо барои он талош менамояд, ки аз ин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кунад. Вай Егор Строев, раҳбари палатаи болоии парламенти Русияро танқид кард, ки марзҳои муштарак надоштани Қирғизистону Афғонистонро намедонад. Аз ин рӯ дар ташвиш мондааст, ки Қирғизистони кӯчак чӣ тавр бо Афғонистон дар ин робита бархӯрдҳои низомӣ хоҳад кард. Ба пиндошти Каримов гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хоки Тоҷикистон пойгоҳҳои низомии худро доранд ва роҷеъ ба он, ки мақомоти ин кишвар қодир нест, минтақаи қаламрави шарқии худро таҳти назорат қарор диҳад на Егор Строев ва на каси дигар чизе намегӯяд. Ӯ илова намуд, ки дар мавриди ягон масъала миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон ихтилофи назар вуҷуд надорад. Танҳо аз Эмомалӣ Раҳмонов тақозо мешавад, ки бо хаёлҳои ҳархела андармон нашавад ва нагӯяд, ки ҳукумати кишвараш саросари худро таҳти назорат дорад. Президент Каримов таъкид кард, то ин замон миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон якчанд санад ба имзо расида, ҳар яки он раҳбарони ҳукуматро вазифадор намудааст, ки қаламрави худро ба пойгоҳи низомӣ табдил надиҳанд ва набояд нерӯҳои мухолиф ба хоки кишвари ҳамсоя аз хоки он таҳдид ба бор оваранд. Ислом Каримов ин ҳолро риояи нормаҳои элементарии тамаддун номид. Ӯ гуфт, агар воқеан нирӯҳои Тоҷикистон қодир нестанд, ки марзҳои саросари кишварро таҳти назорат қарор диҳанд бояд Раҳмонов моро ба кӯмак даъват кунад ва гӯяд, ки кадом минтақаҳо зери назорати мо қарор хоҳанд гирифт. Он гоҳ аз хавфи вуруди гурӯҳи мусаллаҳ ҳама эмин хоҳем монд. Чунин эрод ба марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон низ дахл дорад, гуфт Каримов. Вай зикр намуд, ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳро бо фишор аз хоки худ берун кардааст. Дар ҳоле, ки онҳо бояд на аз хоки ин кишвар берун балки ба тамом маҳв карда мешуданд. Ҳамчунин президент Каримов дар мавриди посухҳои раҳбари гурӯҳҳои террористӣ ва ё ба истилоҳ ҷунбиши исломии Ӯзбакистон Тоҳир Юлдош вокуниш нишон дод ва изҳор намуд, ки аслан ба шумо ҳаргиз маслиҳат намедиҳам, ки ин гурӯҳҳоро ҷунбиши исломии Узбакистон ёд кунед зеро ба он ашхосе шомиланд, ки ҳаргиз барои Ӯзбакистон ва мардуми он ягон хизмат накардаанд ва ба сари ин танҳо ғаму андӯҳро бор кардаанд. Президенти Узбакистон илова кард, ки намояндагони Радиои Озодӣ низ намедонанд, ки ба осиёи ки об мемонанд ва машғули пахши хабарҳое ҳастанд, ки мардуми ӯзбакро ба ҷои муттаҳид кардан аз ҳам ҷудо месозанд. Вай таъкид кард, гузашта аз ин ашхоси ба истилоҳ аъзои ҷунбиши исломӣ онҳоеанд, ки ҳама аз зери дор гурехтаанд ва агар таърихи онҳо омӯхта шавад маълум мегардад, ки ба манфиати халқ онҳо кореро анҷом надодаанд. Ба гуфтаи Ислом Каримов, Тоҳир Юлдош ягон арбоби шинохта намебошад ва Ҷумъа Ҳоҷиев, ки ба худ номи Намангониро гирифтааст, ғайр аз босмачӣ каси дигаре нест. Президенти Ӯзбакистон ҳамчунин ишора намуд, дар ин гурӯҳҳо намояндагони миллатҳои мухталиф шомил гаштаанд ва танҳо уйғурҳо 200-300 нафарро ташкил мекунанд. Президенти Узбакистон таъкид кард, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ин гурӯҳҳоро ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ном барад ва Радиои Озодӣ низ бояд талош намояд, намояд, ки чеҳраи ҳақиқии онҳо ба мардум нишон дода шавад. Ба ақидаи Ислом Каримов касе намепурсад, ки онҳо аз ҳисоби кадом маблағ ба сар мебаранд ва ҳар кадоме 3-4 нафари занро чӣ гуна бонӣ мекунанд, кӣ ба онҳо кӯмакҳои молӣ мерасонад. Ислом Каримов бар ин аст, ки фароҳам овардани минбари озод барои чунин ашхос ҳаргиз қобили қабул нахоҳад буд ва бояд раҳбарияти Радиои Озодӣ низ дар ин маврид назари худро тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG