Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Раҳмонов ва сарвазир Ваҷпайӣ 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонд



Салими Аюбзод

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳадаф доранд, ҳамкориҳои миёни ду тарафро густариш диҳанд ва дар мубориза бо террорисм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ба якдигар кӯмак расонанд.

Маросими пешвози раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон бо тантанаи қабулҳои давлатӣ баргузор гашта, дар он президенти ҳинд К.Р. Нараянан, сарвазир Атал Биҳарӣ Ваҷпайӣ, вазири кишвар Л.К.Адвонӣ ва дигар афроди расмии Ҳиндустон иштирок карданд. Дар ин маросим президент Раҳмонов гуфт, ки Ҳиндустон яке аз қудратҳои муҳими минтақа аст ва метавонад ба умури минтақа ва ҷаҳон таъсири қобили мулоҳиза гузорад. Рӯзномаҳои Ҳиндустон менависанд, ки президент Раҳмонов бо сарони Ҳиндустон се мавзӯъи асосиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки инҳо мубориза бо террорисм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва масъалаҳои амниятист. Президенти Ҳиндустон К.Р. Нараянан гуфт, ин сеюмин сафари раҳбари Тоҷикистон аст ба Ҳиндустон ва нишон медиҳад, ки муносибатҳои миёни ду мамлакат то чӣ ҳад наздиканд. Тибқи барнома тайи ин сафар Тоҷикистон ва Ҳиндустон панҷ созишнома дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фаннӣ ва ҳамчунин як эъломияи муштарак ба имзо мерасонанд.

XS
SM
MD
LG