Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе нишасти вазирони умури хориҷии ЭКО баргузор мешавад



Сайидқосими Қиёмпур

Ҷаласаи навбатии шӯрои вазиронихориҷии кишварҳои узви ЭКО, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзи 2-юми май бо нишасти гурӯҳҳои коршиносон оғоз ёфт. Нишасти худи вазирон ҷумъаи 4-уми май баргузор мегардад.



Абдураҳим Гувоҳӣ Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба мо гуфт, таи ду рӯз коршиносони баландмартаба санадҳои муҳим аз ҷумла лоиҳаи будиҷаи созмонро барои соли равон таҳия намуда, барои баррасӣ ба вазирони умури хориҷа пешниҳод мекунанд. Ҷаноби Гувоҳӣ иброз дошт, дар ҷаласаи асосии шӯрои вазирони хориҷии ЭКО, ки рӯзи 4-уми май баргузор мегардад масъалаҳои марбут ба тиҷорат ҳамлуннақл, мухобира ва энерҷиро матраҳ мекунад. Ӯ ҳамчунон иброз намуд, ки дар ин ҷаласа на ҳама вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ЭКО ширкат хоҳанд кард. Ҳайатҳои Ирону Покистонро вазирони умури хориҷа сарварӣ мекунанд ва аммо ташрифи роҳбарони баландпояи баъзе кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Туркия ба Душанбе зери суол аст. Гуфта мешавад, ки Созмони Ҳамкории Иқтисодие, ки ба он Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Азарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил аст, барои рушди бисёр соҳаҳо аз ҷумла нақлиёт, бунёди роҳҳои мошингард ҳамчунин дар рафъи монеаҳои гумрукӣ, бартараф намудани саддҳо дар роҳи тиҷорат, ҳамкорӣ дар заминаи илму фарҳанг ва муҳити зист талош меварзад. Бузургтарин дастоварди ин созмон тайи 24 соли фаъолият бунёди роҳи оҳани Сарахс-Теҷен-Машҳад аст, ки Туркманистонро бо Эрон пайваст. Ҳамчунин дар ин муддат Бонки Тиҷорат ва Рушд дар Истанбул ширкати суғурта, дар Исломобод ширкатҳои дарёнавардӣ ва ҳавопаймоӣ, палатаи тиҷорат дар Теҳрон, коллеҷи Суғурта дар Қарочӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. ЭКО тасмим гирифтааст, дар бунёд ва навсозии як идда роҳҳои мошингарди Тоҷикистон аз ҷумла шоҳроҳи Кӯлоб-Қалаи Хумб,-Мурғоб,-Қароқурум саҳм бигирад. Ба барномаи даҳсолаи ЭКО, ки бояд то соли 2007 пурра тадбиқ шавад, бунеди шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол-Оши Қирғизистон, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Ӯротеппа то Бекободи Ӯзбакистон роҳи Бекобод-Хуҷанд- Конибодом Қӯқанд ва сохтмони роҳи оҳани Панҷакент-Самарқанд шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG