Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Аҳмадшоҳи Масъуд ба Аврупо барои Афғонистон чӣ натиҷаҳо хоҳад дошт?



Салими Аюбзод

Ба саволҳои мо дар мавриди натиҷаҳои эҳтимолии сафари фармондеҳи Иттиҳоди зидди Толибон Аҳмадшоҳи Масъуд ба Фаронса ва Бруссел коршиноси умури минтақа, устоди Донишгоҳи Порис дар улуми сиёсӣ, профессор Оливер Руа посух медиҳад.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Иттиҳоди зидди Толибони Афғонистон сафару мулоқотҳои худро дар Аврупо ба поён расонд. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Райиси Парламенти Аврупо Никол Фонтен, вазири корҳои хориҷии Фаронса Ҳуберт Ведрин, масъули умури амният ва сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана дидору гуфтушунидҳо дошт. Фармондеҳи Иттиҳоди нирӯҳои зидди Толибони афғон гуфт, интизори инро дорад, ки муборизаи ӯ алайҳи Толибони тундрав дар Аврупо пуштибонӣ пайдо кунад ва ба Покистон, ки такиягоҳи толибҳо ба шумор меравад, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо фишори бештар ба амал ояд. Ҳанӯз намешавад аз натиҷаҳои сафари фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд сухан гуфт, вале дар айни ҳол метавон ба эҳтимолияти чунин натиҷаҳо таваҷҷӯҳ намуд. Дар ин робита гуфтугӯе доштем бо Оливер Руа, профессори Донишгоҳи Порис дар улуми сиёсӣ.

Савол: Ҷаноби оқои Оливер Руа, ба фикри шумо оё аҳамияти сафари ҷаноби Масъуд ба Аврупо дар ҳалли сулҳомези низоъи Афғонистон чигуна арзишёбӣ мешавад?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки аввал аз назари кӯмаки башарӣ ин сафар аҳамият хоҳад дошт. Масалан ҳукумати Фаронса гуфт, ки мо бештар кӯмаки пулӣ барои мардуми Афғонистон мекунем ва ҳам Комиссиюни Иттиҳоди Аврупо кӯмаки бештар хоҳад кард. Муҳим аст, ки ин кӯмак на фақат барои мардуми минтақаи Шимол, балки барои тамоми Афғонистон хоҳад шуд. Натиҷаи дуввум ин аст, ки таваҷҷӯҳи Аврупо ба масоъили Афғонистон баландтар хоҳад шуд ва махсусан ба манзури мусолиҳаи сиёсӣ. Аҳмадшоҳи Масъуд таъкид кард, ки Аврупо бештар ба сари ҳукумати Покистон фишор биёрад. Ман мутмаъин нестам, агар ин хоҳад шуд ё на, аммо дар ҳар сурат Аврупо дар масъалаи Афғонистон дар сатҳи сиёсию дипломатӣ як нақши бештар хоҳад дошт.

Савол: Сафари ҷаноби Масъуд замоне сурат мегирад, ки ҷомеъаи байнулмилал аз нобуд карда шудани ду пайкараи бузурги Буддо садои эътироз баланд мекунад. Оё ба назари шумо, ин воқеа кӯмак расонд, ки ин сафар имконпазир шавад ва ё умуман Аврупо бо ягон сабаби дигар ба вазъияти Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард?

Ҷавоб: Бале, аммо имконоти фишор ва мудохила кардани Аврупо дар масоъили Афғонистон заъиф мебошад. Масъуд кӯмаки низомиро дархост накард ва фикр намекунам, ки мудохилаи Иттиҳоди Аврупо дар масоъили Афғонистон мустақиман сурат хоҳад гирифт, балки ин ба тавассути созмонҳои байнулмилал амалӣ хоҳад шуд.

Савол: Яъне бештар ин воқеа,ба назар мерасад, ки хислати сиёсию таблиғотӣ дошт?

Ҷавоб: Бале, фақат ба назари сиёсии дипломатӣ ва кӯмаки башарӣ аммо фикр намекунам, ки дигар натиҷае аз ин сафар вуҷуд хоҳад дошт.

Савол: Аммо ба ҳар ҳол оё мешавад гуфт, ки масалан дар замони ҷиҳоди алайҳи Шӯравӣ Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо, Амрико ба муҷоҳидини афғон кӯмак мекарданд ва масъала бисёр ҷиддӣ буд. Баъдан таваҷҷӯҳи ин кишварҳо нисбати Афғонистон баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт. Оё мешавад гуфт, ки ҳоло дубора Иттиҳоди Аврупо ва эҳтимолан дар ин замина Амрико таваҷҷӯҳашон ба Афғонистон бештар мешавад?

Ҷавоб: Ин таваҷҷӯҳи бештар натиҷаи фишори назари умумӣ ва матбуоти Аврупо аст. Ин ҳаракати худи ҳукуматҳои Аврупо нест, чунки Аврупо дар масъалаи Афғонистон фоидаи рӯйирост надорад. Масъалаи фарҳангӣ, масъалаи тахриб кардани муҷасаммаҳои Буддо дар Афғонистон, албатта ин масъала, барои афкори умум хеле муҳим аст вале ба сиёсати ҳукуматҳо ҳеҷ асари стратеҷикӣ надорад. Ин масъалаи таҳдид кардани Аврупо нест ва ҳам масъалаи тероризм ва ё вуҷуд доштани Осама бен Лодин барои Аврупо дур ба назар мерасад ва таҳдиди мустақим ба шумор намеравад. Аз ин рӯ дар ҳамаи ҷараён афкори иҷтимоӣ ва матбуо нақши бешатр касб кардаанд.

Савол: Оё ин мулоқотҳо ба имиҷ ва симои худи фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд ягон таъсир хоҳанд дошт?

Ҷавоб: Аввал бояд бигӯям, ки барои Толибон ин сафар як зарба аст. Сафари Масъуд ба Аврупо гӯё далели рӯшани ин аст, ки ҳукуматҳои Аврупо мегӯянд, омода нестанд, Толибонро ба сифтаи ҳукумати қонунии Афғонистон расман бишиносанд. Вале дар айни ҳол гумоен аст Аврупо дар ҳолате ки Масъуд қарор дорад, ба ӯ кӯмак расонда тавонад . Аз ин назар ин сафар шикасте барои Толибон мебошад, то пирӯзӣ барои Масъуд.

XS
SM
MD
LG