Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои ҳарбии "Сипари ҷанубӣ--2001" дар Маскав



Салими Аюбзод

Дар Маскав, дар ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Русия бо иштироки фармондеҳони артиш аз Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон машқҳои ҳарбии Сипари Ҷанубии 2001 оғоз ёфтанд, ки то 6-уми апрел идома хоҳанд ёфт.

Ба маълумоти хабаргузориҳо Гурҷистон, Молдова, Ӯзбакистон ва Украина дар ин тамринҳо ба ҳайси нозир иштирок мекунанд. Туркманистон пешниҳоди иштирокро дар ин барнома рад кардааст. Тамринҳои ҳарбӣ асосан ҷараёни идораи ҷангиро дар ҳолатҳои фавқулодда дар Осиёи Марказӣ ва ҳамоҳангии ситодҳои ҳарбии кишварҳои коршарикро дар хатти озмойиш мегузоранд. Ин машқҳо то рӯзи ҷумъаи шашуми апрел идома хоҳанд кард. Ба гуфтаи сухангӯи Ситоди ҳамкориҳои ҳарбии Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ, дар ин рӯзҳо ҳамчунин масъалаи кӯмакҳои ҳарбию фаннӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд. Барномаи тамринҳои ҳарбии Маскав рӯйдодҳои соли 1999 ва 2000-и Қирғизистону Ӯзбакистонро ба хотир меорад. мусаллаҳони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба Қирғизистон ва дар дафъаи дуюм инчунин ба Ӯзбакистон ҳамла карда, бархе аз деҳкадаҳоро ишғол ва чандин нафар, аз ҷумла чор заминшиноси ҷопониро гаравгон гирифта буданд. Се ҷумҳурии Осиёи марказӣ--Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ин барномаҳои тамринӣ бо камоли майл иштирок мекунанд. Ширкати Ӯзбакистон ба сифати нозир низ далолат ба ин мекунад, ки Ӯзбакистон эҳтиёҷи иҳтимолии худро ба чунин кӯмак рад намекунад, ҳарчанд то ҳол аз ягон кившари узв ёрмандӣ талаб накардааст. Дар Ӯзбакистон аз он меҳаросанд, ки мудохилаи ошкорои артишҳои дигар ба истиқлолияти ин кишвар латма ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG