Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон иддаъои Қирғизистонро рад кард



Сайидқосими Қиёмпур

Амирқул Азимов мегӯяд, даъвоҳои беасоси ҳузури мусаллаҳони ӯзбак дар Тоҷикистон ва набуди хоҳиши ҳамкорӣ бо мо ба оғози як ҷанги маълумотӣ зидди Тоҷикистон шабоҳат доранд.

Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов гуфт, даъвои мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳузури мусаллаҳони ӯзбак дар қаламрави Тоҷикистон асос надорад. Вай афзуд, тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо террорисм бояд ба ҳамдигар кӯмак расонанд ва ҳар маълумоти дарёфтии худро дар ихтиёри ҳамдигар гузоранд. Мақомоти Қирғизистон, гуфт ҷаноби Азимов, аз маълумоти махфии ҳузури чанд ҳазор мусаллаҳи исломии ӯзбак дар минтақаҳои ҳамммарз сухан мегӯянд, вале чунин маълумотро ба мо пешкаш намекунанд. Онҳо ҳатто изҳори омодагӣ нишон намедиҳанд, ки ҳамроҳи мо манотиқи шубҳанокро бозрасӣ кунанд. Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов гуфт, дар чунин ҳолат танҳо як хулоса ба миён меояд, ки онҳо мехоҳанд, Тоҷикистонро ҳамчун макони террористон муаррифӣ кунанд. Ин як навъ ҷанги маълумотӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG