Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Узбакистону Тоҷикистон дармондаанд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Сарнавишти беш аз 50 шаҳрванди узбактабори тоҷикистонӣ, ки дар нимаи аввали моҳи март аз тарафи мақомоти Узбакистон зӯран ба марзи Тоҷикистон фиристода шуданд, ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад.

Сарнавишти беш аз 50 шаҳрванди узбактабори тоҷикистонӣ, ки дар нимаи аввали моҳи март аз тарафи мақомоти Узбакистон зӯран ба марзи Тоҷикистон фиристода шуданд, ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад. Хабарингори Радиои Озодӣ аз гузаргоҳи марзии Гулбаҳори ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар 80 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе гузориш медиҳад дар ҳоле, ки шаҳрвандони ёдшуда дар минтақаи гумрукии байни ду кишвар қарор доранд, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз оиди қабули онҳо тасмим нагирифтааст. Гуфта мешавад, аксари рондашудагн баъд аз соли 1989 ба Узбакистон кучида буданд.

Муҳоҷирони иҷборӣ мегӯянд, ки мақомоти Узбакистон хонаву дар ва киштзорҳои онҳоро мусодира кардаанд. Дар рӯзҳои нахуст созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон бо вазъи муҳоҷирони иҷборӣ шинос шуданд, мақомоти Тоҷикистон қазияи онҳоро баррасӣ дорад, вале ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ вазъи муҳоҷирон дар миёни марзи Узбакистону Тоҷикистон, ки дар байни онҳо пирону кӯдакон кам нестанд, рӯз то рӯз бадтар мешавад.

XS
SM
MD
LG