Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон 18 оиларо зуран аз қаламрави кишвар хориҷ карда ба Тоҷикистон интиқол дод



Мирзонабии Холиқзод

Ба гуфтаи ноиби дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон аксари онҳо узбактабороне ҳастанд, ки дар солҳои 90 барои зиндагӣ ба Узбакистон кучида буданд.

Мақомоти амнити Узбакистон 18 оилаи узбактабори Тоҷикистонро аз қаламрави кишвар хориҷ карда, онҳоро бо мошинҳо ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон интиқол доданд. Ноиби дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон Нуралишо Назаров мегуяд, Узбакистон ин иқдомро бидуни машварати пешакӣ анҷом дода, ҷониби Тоҷикистон ҳануз намедонад, ки ин нафарҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд ё не. Ба гуфтаи у аксари онҳо узбактабороне ҳастанд, ки дар солҳои 90 барои зиндагӣ ба Узбакистон кучидаанд.

Мақомоти тоҷик мегуянд, бори дуввум аст, ки Узбакистон даст ба чунин иқдоми бемашварат мезанад. Гуруҳи аввал, иборат аз 13 оила, 10уми моҳи март ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Маълум нест, ки онҳо тоҷикони муқими Узбакистонанд ва ё муҳоҷироне, ки дар давоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя паноҳ бурда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилаии муқими кишвар аз ҳодиса бохабаранд ва вазъи паноҳандагони навро пажуҳиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG