Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет Кафе -- тӯҳфаи ҷавобии Боулдер ба Душанбе



Никола Крастев, Салими Аюбзод

Тоҷикон бо пешниҳоди шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуди Икром ба Боулдери Америка соли 1998 Чойхонаи тоҷикӣ тӯҳфа карданд. Акнун америкоиён дар ин андешаанд, ки ҷавобан ба шаҳри Душанбе Интернет Кафе тақдим намоянд.

Баъди ифтитоҳи Чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Боулдери Колорадо (Иёлоти Муттаҳидаи Америка), дар соли 1998, созмони ҷамъиятии "Боулдер--Душанбе: шаҳрҳои бародар", ки шаҳрвандони Боулдер таъсис додаанд, ба ин андеша афтод, ки оё дар ҷавоб чӣ тӯҳфаеро метавонад ба Душанбе пешкаш намояд. Қарор шуд, ки Интернет Кафе беҳтарин чизест, ки метавонад аз пешсафии Иёлоти Муттаҳида дар фанноварӣ намояндагӣ бикунад. Ҳамин тавр лойиҳаи бунёди Интернет кафе дар Душанбе оғоз ёфта, ҳоло дар нимароҳ аст ва сохтмони бинои он дар аввали соли оянда шурӯъ хоҳад шуд.

Дар моҳи феврали соли 2001 ҳайъати панҷнафара аз шаҳри Боулдер ба Душанбе сафар кард ва мегӯяд, ҷойи муносиби сохтмони бино интихоб шудааст. Вале дар шурӯъи кор баъзе мушкилот вуҷуд дорад ва хушбинии боулдериҳо оганда аз эҳтиёт мебошад.

Агар яке аз мушкилҳои иҷрои лойиҳа аз вазъи нопойдори сиёсӣ дар Тоҷикистон маншаъ гирад, мушкили дигарро сиёсати фишоромези мақомоти давлат ба густариши интернет ба миён овардааст. Муаллифони лойиҳа мегӯянд, пешниҳоди онҳо дар Душанбе пазириши гарм дид, вале дар айни замон Тоҷикистон, ба маълумоти созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар сафи 10 душмани ашаддии Интернет қарор дорад. Аслан густариши интернет дар ҳамайи Осиёи Марказӣ бо душворӣ ҷараён мегирад. Шабакаҳои мухобиротӣ, ки дар назорати давлат мебошанд, ба таври сунъӣ нархҳоро баланд ва сатҳи хидматрасониро паст нигоҳ медоранд. То ҳол дар Душанбе танҳо як қаҳвахонаи Интернетӣ боз шудааст ва зербинои густариши шабака рушднаёфта боқӣ монда, Маркази сабти номи интернетӣ эълон мекунад, ки ҳоло ҳам гирифтани номи электронӣ бо имзои асосии Таҷик, ТиҶей имконпазир аст. Ленни Мартинелли, сарвари Чойхонаи тоҷикии Боулдер, ки узви фаъоли лойиҳаи нав мебошад, ба хабарнигори Радиои Озодӣ ин тавр гуфт: "Мавзӯъ ин аст, ки мо мехоҳем дар ҷавоб як навъи қаҳвахонае ва дар баробари ин як порча аз Боулдер ва ё нишонаи шабеҳи шаҳри худро ба дӯстони тоҷикамон ҳадия кунем. Фикри Интернеткафе аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки Душанбе ва Тоҷикистон дар ин риштаи фанноварӣ ақиб мондаанд ва маводи компютерӣ дар он ҷо хеле кам ва ниҳоят қимат аст. Ва ҳамчунин ин қаҳвахона ғизои америкоиро ба душанбегиён муаррифӣ хоҳад кард, ҳатто метавон гуфт, ғизои хоси Боулдерро."

Ҷаноби Мартинелли меафзояд, дар мавриди ғизо нақша ин нест, ки як таъомхонаи макдоналдсии америкоӣ сохта шавад бо як саф компютерҳо, ҳадаф муаррифии ғизои хоси Колорадо ва Боулдер аст, ки аз ҷойҳои дигар фарқ дорад. Дейвид Барретт, сармеъмори қаҳвахонаи америкоӣ барои Душанбе, дар ҳамин мавзӯъ ба хабарнигори Радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Куллан сабки ғизо америкоӣ хоҳад буд ва пухтупазхонаи он боз хоҳад буду ҳама хоҳанд дид, ғизо чигуна омода мешавад. Ҳар кас худ бевосита ба пазанда фармойиш хоҳад дод ва худ ғизояшро гирифта, сари миз хоҳад бурд. Ин аст кафе, ки пешхидмати сари миз нахоҳад дошт ва хеле ғайрирасмӣ хоҳад буд."

Ташкилкунандагони Интернеткафе ҳанӯз ба як қарор наомадаанд, ки беҳтарин роҳи пайванди он бо шабакаи Интернет кадом хоҳад буд. Ва ҳамчунин ҳанӯз муайян нашудааст, ки қаҳвахона ба таври мустақил, яъне бо хатти мустақили моҳворайӣ амал хоҳад кард ва ё ягон хатти маҳаллиро кироя хоҳад гирифт. Хатти мустақил муҳим ба назар мерасад, зеро имкони кори озодонаро медиҳад ва назорати мақомоти давлатро аз болои ин кор мушкил мегардонад. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ниҳодҳои таъминкунандаи интернетро маҷбур мекунанд, то таҷҳизоти гаронбаҳои назоратиро васл кунанд ва бо истифодаи ин таҷҳизот шабакаи маълумотиро таҳти сензура бигиранд. Агар лойиҳаи Интернеткафе дар Душанбе ба иҷро расад, нирӯи барқ ба он аз манбаъи ғайримаъмулии инержӣ--офтоб тавлид хоҳад шуд. Ин тарзи тавлиди барқ, ки аз солҳои 70ум Боулдер онро мавриди пуштибонӣ қарор додааст, барои Душанбе, ки низ дар сол 300 рӯзи офтобӣ дорад, муносиб мебошад. Дейвид Барретт:

"Қаҳвахона дар он сурат аз лиҳози инержӣ мустақил хоҳад буд ва батареяҳои офтобӣ нури хуршедро ба нирӯи барқ табдил хоҳанд дод ва аз ин рӯ онҳо худ бахше аз маводи сохтмони қаҳвахона хоҳанд буд."

Таъсисдиҳандагони қаҳвахона мегӯянд, дар толори он 15 компютер гузошта шуда, нуқтаҳои зиёди дигар барои пайванди компютерҳои сайёр ва ё дастӣ пешбинӣ хоҳанд шуд. Яъне одамон метавонанд, бо компютерҳои хурди ҳамроҳ ба ин ҷо биёянд ва онҳоро ба шабака васл намуда, кори худро пеш баранд. Ҳарчанд харҷи пурраи сохтмон ҳанӯз шумуруда нашудааст, меъмори кафе Барретт мегӯяд, барои сохтмон тахминан ним миллион доллар даркор аст. Суроби қаҳвахона то аввали моҳи май омода хоҳад шуд ва ин фурсатест, ки муовини шаҳрдори Душанбе ва сармеъмори пойтахти Тоҷикистон ба Боулдер сафар хоҳанд кард. Нақшаи сохтмон бо онҳо баррасӣ хоҳад шуд. Дар мавриди маблағи сохтмон, ҷаноби Барретт гуфт, азбаски ҳамайи лойиҳа ғайридавлатист, зарур меояд, барои иҷрои он аз созмонҳои гуногун ва шояд шаҳрвандон чи дар Иёлоти Муттаҳида ва чи дар Тоҷикистон гирдоварии сармоя шурӯъ шавад. Ва дар ҳоли муваффақият корҳои сохтмон баҳори соли дуҳазорудуюм сар мешаванд. Селли Мартин, собиқ узви Шӯрои шаҳри Боулдер ва ширкаткунандаи фаъоли лойиҳа мегӯяд:

"Азбаски ин тӯҳфа на аз ҳукумати шаҳр, балки аз мардуми Боулдер ба мардуми Душанбе тақдим хоҳад шуд, кӯшиши мо ин аст, онро мардум сармоягузорӣ кунад. Асосан ҷамоъаи шаҳри мо ва ҳамайи онҳое, ки ба Тоҷикистону Осиёи Марказӣ рағбат доранд, сармоягузорони нақша хоҳанд шуд. Албатта, ҳанӯз на ҳамаи ҷузъиёт тарҳрезӣ шудааст. Чанд печидагии гурезнопазир мавҷуд аст ва онгуна ки ба сохтмони Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдер вақти зиёд сарф шуд, ба иҷрои ин нақша низ вақт сарф хоҳад шуд, аммо умеди мо ин аст, ки дар вақти камтар тӯҳфаи худро тақдим дорем."

Дар ҳоле ки гурӯҳи меъморон тарҳи Интернеткаферо омода мекунад, ҳукумати шаҳри Душанбе ҷойи сохтмонро дар маркази шаҳр муайян кардааст. Ин маҳалест дар хиёбони Рӯдакӣ, дар фосилаи байни Филармонияи давлатӣ ва Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ. Америкоиён қарорро хуб пазируфтанд ва мегӯянд, ин ҷо як пайванди рамзие миёни кӯҳна ва нав ба вуҷуд хоҳад омад: Китобхонаи куҳансоле, ки мардум онро дӯст медоранд ва ба ҳазорон нусха китобаш арҷ мегузоранд ва ҳам қаҳвахонае, ки аз тариқи шабакаи интернет ташнагони донишро ба махзани беканори маълумот мерасонад. Муаллифони нақша мегӯянд, Интернеткафе инчунин беҳтарин хатте хоҳад буд, ки бародаршаҳрҳо Душанбе ва Боулдерро ба ҳам пайванд хоҳад дод. Вӯн Сийро, узви гурӯҳи меъмории қаҳвахонаи америкоӣ дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:

"Вақте ки ҳайъати мо ба Душанбе рафт, ба ақидае расид, ки дар ҳукумати шаҳр як маркази интернет бунёд кунад ва аз он вақт ба ин тараф мо доим ба воситаи почтаи электронӣ мукотиба мекунем. Ин як қадами бузурге буд ба сӯйи пешрафт, вале боз ҳам наметавон гуфт, Тоҷикистон дар ин ришта кишвари пешрафта мебошад, аммо мусаллам аст, ки бо бунёди қаҳвахонаи интернетӣ Тоҷикистон ва Душанбе бурди калон хоҳанд кард, зеро ин кишварест, ки аз фанноварии мазкур ва умуман аз робитаҳои дурпайванд канор мондааст."

Ҷаноби Сийро ҳамчунин гуфт, шаҳри Боулдер эҳтимолан нигаҳдошт, тармим, тағйир ва таъмини интернеткаферо бо таҷҳизоти нав барои муддати тақрибан панҷ соли аввали фаъолият бар дӯш хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG