Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Япония конфронси байналмилалии кишварҳои кӯмаккунанда ба Тоҷикистон баргузор мешавад



Холидаи Қодир

16 май дар шаҳри Токио конфронси байналмилалии кишварҳои кӯмаккунанда ба Тоҷикистон баргузор мешавад.

16 май дар шаҳри Токио конфронси байналмилалии кишварҳои кӯмаккунанда ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин конфронс президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ширкат хоҳад кард. Ин иттилоъро хабаргузории Итар-Тасс аз қавли Йоҳанес Лин, ноиби президенти Банки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ овардааст. Ҷаноби Лин мегӯяд, ки конфронс бо ширкати намояндагони 10-15 кишвар, ба шумули Иёлоти Муттаҳида, Япония ва Иттиҳодияи Аврупо барпо мешавад. Йоҳанес Лин дар як нишасти матбуотӣ дар Токио изҳор дошт, ки панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар даврони гузариш ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Ӯ афзуд, дар тӯли ҳафт - ҳашт соли ахир Банки Ҷаҳонӣ ваъда кардааст, ки ба ин панҷ ҷумҳурӣ ҳудуди 3 миллиард долар қарз медиҳад. Аз ин маблағ, банк то кунун 2 миллиардро ба ҷумҳуриҳои номбурда интиқол додааст. Лин барои муқоиса нишон дод, ки Банки Ҷаҳонӣ то кунун ба Русия ҳафт миллиард доллар қарз таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG