Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуш омадед ба чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Боулдери аёлати Колорадои ИМА!



Никола Крацев

Дар моҳи феврали соли 1983 замони авҷи Ҷанги Сард як ҳайати равшанфикрони Тоҷикистонӣ ҳангоми зиёрат аз шаҳри Боулдери аёлати Колорадои ИМА тасмим гирифт, ки миёни шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ва шаҳри Боулдер равобити дӯстиву бародарӣ бунёд намоянд.

Дар моҳи феврали соли 1983 замони авҷгирии Ҷанги Сард як ҳайати равшанфикрони Тоҷикистонӣ ҳангоми зиёрат аз шаҳри Боулдери аёлати Колорадои ИМА тасмим гирифт, ки миёни шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ва шаҳри Боулдер равобити дӯстиву бародарӣ бунёд намоянд. Иттиҳоди ду шаҳр имконнопазир ба назар мерасид. Бар иловаи 12 соат фарқи вақт миёни Душанбе ва Боулдер ду шаҳр дар ду сохти давлатии мухолифи якдигар қарор доштанд. Аҳолии Душанбе аз Боулдер шаш маротиба баробар зиёдтар аст. Аммо дар айни замон, ҳам Душанбе ва ҳам Боулдер дар мавқеи мушобеҳи ҷуғрофӣ ҷойгир мебошанд: водии сарсабзи офтобӣ дар иҳотаи кӯҳҳо . Соли 1987 зимни аввалин сафар ба аёлати Колорадо он замон мири пойтахти Тоҷикистон Мақсуд Икромов иброз дошт, ки шаҳри Душанбе мақсад дорад ба бародаршаҳри худ Боулдер як чойхона тақдим намояд. Хонум Мари Аксе собиқ раиси ҷамъияти дӯстии Боулдер ва Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

"Хуб, аввалин дафъа вақте ки шаҳри Душанбе инро пешниҳод кард, шаҳр қисме аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Мардуми зиёд эҳсоси зиддикоммунистӣ доштанд ва ин амал онҳоро нигарон кард. Онҳо бар ин фикр буданд, ки тӯҳфаро қабул кардан даркор нест. Баъзе мардум мегуфтанд, ки шояд дар он таҷҳизоти ҷосусӣ ҷой дода шавад, то Иттиҳоди Шӯравӣ аз паси мо ҷосусӣ кунад. Ин қабил изҳори назарҳо зиёд буданд. Дигарон таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон кишвари нисбатан қашшоқ аст ва пулҳои худро набояд ба ин шакл масраф намояд."

Қисмҳои ҷудо-ҷудои чойхона дар соли 1991 ба шаҳри Боулдер расиданд, аммо васли онҳо тахминан ҳашт солро дар бар гирифт. Баъзеҳо сабаби таъхирро баҳси Аъзои Шӯрои Шаҳри Боулдер дар мавриди макони чойхона меноманд. Ҷои ёдоварист, ки 36 мавзеъ барои сохтмони чойхона пешниҳод шуда буд. Дигарон мегӯянд: баҳс рӯи он буд, ки чойхона кадом вазифаро иҷро кунад : танҳо чой дошта бошад ё ҳамчун муассисаи комили хӯроки ҷамиъятӣ хидмат кунад ? Дар васли кандакориҳои шифт, сутунҳои чӯбин, ҳайкалҳои биринҷӣ, кату мизҳои миллӣ ва дигар унсурҳои зебои чойхона беш аз чил тоҷик иштирок кард. Ба зудӣ чойхона зери унвони "Боулдер-Душанбе" дар яке аз кӯчаҳои марказии Боулдер қомат афрохт ва 15маи соли 1998 маросими ботантанаи ифтитоҳи он баргузор шуд. Дар ин бора раиси чойхона Лени Мартинеллӣ мегӯяд:

"Мардум дар ҳақиқат намедонист, ки чойхона чист. Ва фикри бунёди чойхона дар асл муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳоло..., Мардум гумон дошт, ки чойхона дукончаи хурдест, ки дар он одамон аз рӯи анъана як пиёла чой менӯшанд. Дар амао чойхона ба қадри кофӣ калон аст. Дар ин бинои фавқулодда зебо ҳаштод нафар ҷой мегирад."

Имрӯз дар чойхона бҳамзамон бо таомҳои байналмилалӣ шашлик бо нархи 12 доллар ва оши палови тоҷикӣ бо нархи наздик ба ҳашт доллар фармудан мумкин аст. Як чойник чои оддӣ дар чойхонаи Боулдер ду доллар қимат дорад. Раиси чойхона Лени Мартинелӣ мегӯяд, ки дар Боулдер теъдоди тоҷикон зиёд нест, аммо чойхона ҳеҷ гоҳ холӣ намемонад. Дар он Наврӯз ва идҳои дигар ҷашн гирифта мешаванд. Маъмурияти шаҳри Боулдер тасмим гирифтааст, ки дар ҷавоб ба чойхона дар шаҳри Душанбе як интернет кафе бунёд намояд. Моҳи феврал ҳайати сокинони Боулдер ҳамроҳ бо соҳибкорони ин шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон сафар карда буд ва мувофиқатҳои пешакӣ оиди ин лоиҳа ҳосил шудаанд.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)



XS
SM
MD
LG