Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон 100 ҳазор муҳоҷири афғонро берун хоҳад кард



Соҷидаи Мирзо

Покистон рузи панҷшанбе ҳушдор дод, ки 100 ҳазор муҳоҷири афғонро, ки баъзе аз онҳо 20 сол боз дар Покистон зиндагӣ мекунанд, аз кишвар берун хоҳад кард.

Бо нороҳатӣ аз вуруди теъдоди бештари паноҳандагони Афғон, Покистон рузи панҷшанбе ҳушдор дод, ки 100 ҳазор муҳоҷири афғонро, ки баъзе аз онҳо 20 сол боз дар Покистон зиндагӣ мекунанд, аз кишвар берун хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомоти расмии вилояти марзӣ, воқеъ дар кисмати шимолу ғарбии Покистон, ки дар онҷо 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар кампҳо ба сар мебаранд, ба 100 ҳазор паноҳанда амр шуд, ки аз кампҳо берун раванд. Онҳо дар ин мавзеъ аз 15 июл ба ин тараф ҷойгир ҳастанд. Бар асари даргириҳо ва хушксолӣ наздик ба 80 ҳазор афғон дар кампҳои Ҳирот буду бош доранд. 10 ҳазори дигар дар марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон қарор гирифтаанд. 177 ҳазори дигар дар Покистон паноҳ ҷустанд. СММ барои кумак ба паноҳандагоне, ки вориди Покистон шудаанд даъвати оҷил кард. Аммо Исломобод мегуяд, баъди тамом шудани кумакҳои хайрия маҷбур мешавад, таъмини онҳоро бо маводи ғизоӣ худаш ба душ бигирад.

XS
SM
MD
LG