Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба барномаи Ҳамкорӣ ба Хотири Сулҳи паймони НАТО мепайвандад



Саидқосими Қиёмпур

Узви Кумитаи Дифоъ ва Амнияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Абдулло Ҳабибов гуфт, ки дар чанд ҳафтаи оянда ҳукумати Тоҷикистон барои шомилшавӣ ба барномаи Ҳамкорӣ ба Хотири Сулҳи паймони НАТО омодагӣ мегирад.

Вакили Парламенти Тоҷикистон, узви Кумитаи Дифоъ ва Амнияти Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Абдулло Ҳабибов дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чанд ҳафтаи оянда ҳукумати Тоҷикистон барои шомилшавӣ ба барномаи Ҳамкорӣ ба Хотири Сулҳи паймони НАТО омодагӣ мегирад. Дар ҳоли ҳозир мақомоти кишвар таҳти раҳбарии дабири Шӯрои Амният Амирқул Азимов доктринаи низомии Тоҷикистонро барои тасвиб дар Парламент тайёр мекунанд, ки он хусусияти мудофиавӣ дорад.

XS
SM
MD
LG