Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати вазорати дифои ИМА доир ба ҳамкории низомӣ ва техникӣ



Саидқосими Қиёмпур

Ноиби ёварии вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷефри Старр ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, имрӯз дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ каданд.

Ноиби ёварии вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷефри Старр ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, имрӯз дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ каданд. Ду тараф омодагии вазоратҳои худро барои ҳамкории низомӣ ва техникӣ иброз доштанд. Ҳайати вазорати дифои ИМА, ки ба он ҳамчунин раиси шӯъбаи Осиёи Марказии ин вазорат Том Бурк ходими шӯъбаи Русия, Украина ва Евразия, майор Уолтер Грисон ва директори минтақавӣ хонум Лорна Ҷонс шомиланд, бегоҳӣ 16 январ ба Душанбе омаданд ва нахустин мулоқоти онҳо бо вазири дифои Тоҷикистон сурат гирифт. Баъд аз мулоқот бо Шерали Хайруллоев мансабдори вазорати дифои ИМА гуфт, ҳадаф аз сафар ба Тоҷикистон пайдо намудани роҳҳои ҳамкорӣ бо вазорати дифои ин кишвар аст. Дар ҷараёни мулоқот вазири дифои Тоҷикистон меҳмононро бо вазъи феълии неруҳои низомии кишвар ошно намуд ва онҳоро чун яке аз неруҳои пуриқтидори минтақа муаррифи кард. Дар ин мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ҳайати Амрико рӯзи панҷшанбе меҳмони яке аз қисмҳои низомии Тоҷикистон шавад. Заробиддин Сироҷов сухангуи вазири дифои Тоҷикистон иброз дошт, зимни сӯҳбат масъалаи шомил шудани Тоҷикистон ба барномаи НАТО ба номи "ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаноби Старр ва ҳамсафоаронаш имрӯз бо вазири вазъи фавқулодаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев низ суҳбат доштанд. Тавре ҷаноби Зиёев гуфт, дар ин мулоқот мавзӯи ҳамкориҳо ва кумак ба Тоҷикистон матраҳ шуд. У афзуд, ҷониби ИМА изҳор намуд, ки вазорати вазъи фавқулодаи Тоҷикистонро ба таҷҳизоти наҷотбахш таъмин хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG