Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамин ба куштори 11 нафар аъзои як оила ба қатл маҳкум шуданд



Мирзо Салимпур

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии куштори 11 нафар аъзои як оиларо, ки 13 июли гузашта дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ рух дода буд, ба поён расонид. Се нафар ба қатл ва як нафар ба 25 сол ҳабс маҳкум шуд.

Рӯзи 12 январ Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии 4 нафар аз дастаи Мақсадулло Абдулоевро ба поён расонид. Ин гурӯҳ шаби 13 июли соли гузашта дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ 10 киллометрии шарқи Душанбе 11 нафар аъзои як оила аз ҷумла занон ва кӯдаконро ба тарзи ваҳшиёна ба қатл расонида буд. Роҳбари гурӯҳ Мақсадулло Абдулоев ва ду тан аз ҳамдастонаш Аъзам Қурбонов ва Файзулло Қулиёнов ба қатл маҳкум гардиданд. Як нафари дигар ба номи Баҳромиддин Абдуллоев ба муддати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон аъзои дигари ин дастаро ҷустуҷӯ доранд.

XS
SM
MD
LG