Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 30 ҳазор сокини дараи Ниҳони Сари Осиёи Узбекистон ба биёбони Шӯрободи ҳамин кишвар интиқол дода шуд



Мирзонабии Холиқзод

Пас аз даргирии ҷангиёни ҳаракати исломии узбек ва ниҳодҳои қудратии Узбекистон дар атрофи дараи Ниҳон аксари сокинони деҳаҳои ин дара мавриди таъқиби мақомоти интизомии Узбекистон қарор гирифтаанд.

Мақомоти Интизомии Узбекистон беш аз 30 ҳазор сокини дараи Ниҳони Сари Осиёи Узбекистон навадкилометраи ғарби пойтахти Тоҷикистонро аз ноҳияи Узун ба биёбони Шӯрободи ҳамин кишвар интиқол дода шуд. Аммо сокинони ин дара мегӯянд, онҳоро ба таври иҷборӣ ба Шӯробод бурдаанд. Дар охири соли гузашта, пас аз даргирии ҷангиёни ҳаракати исломии узбек ва ниҳодҳои қудратии Узбекистон дар атрофи дараи Ниҳон аксари сокинони деҳаҳои ин дара мавриди таъқиби мақомоти интизомии Узбекистон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи чанд тан сокинони рустои Киштуд ва Ҳисора мардуми ин дараро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо размандаҳои узбек ҳамкорӣ намуданд, онҳоро нону намаку дармон доданд ва дар хонаҳояшон пинҳон кардаанд. Аз ин рӯ сокинони аксари деҳаҳо ва ноҳияи Узуни Сурхандарё интиқол дода шуда буданд ва акнун, чуноне Қодир Маҳмадрасулов, сокини деҳаи Киштуди ҳамин дара мегӯяд - мардум, ки дар байни онҳо кӯдакону наврасон ва занон ҳастанд, аз Узун ба биёбони Шӯробод, ки ҳеҷ гуна шароит надорад бурда шуданд.

Оғои Маҳмадрасулов меафзояд, азбаски ҳамаи мардуми ин дара тоҷик ҳастанд талош намуданд, ки худ ва хонаводаи худро ба хоки Тоҷикистон расонанд. Сокини Киштуд деҳаи дигари ин дара Аҳмадали Саибоев мегӯяд - дар ҳоли ҳозир ҳатто дар атрофи он ҷойҳое, ки мардум ҷойгир шудаанд дар Шӯробод низомиёни милисаи шаҳри Термиз меистанд ва шабонарӯз назорат мебаранд то ин, ки одамон ба ҷойҳои пешинаашон барнагардан ва ҳамин гуна назорат дар дараи Ниҳон низ ба роҳ монда шудааст. Мардуми дараи Ниҳон наметавонанд ба намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ аз вазъи хеш хабар диҳанд. Онҳо бар ин ҳастанд, ки шояд президент Ислом Каримов аз рафторе, ки мақомоти низомии Узбекистон ҳамарӯза нисбати пеш аз 10 ҳазор сокини ин дара мекунанд хабар надорад. Аз ин рӯ баъзе аз онҳо ба идораи Радиёи Озодӣ муроҷиат карданд. Бар пояи бархе аз ахборе, ки мерасад аз дараи Ниҳон берун бурдани сокинони он сабаби дигаре ҳам доштааст. Гӯё ҳукумати Тошкант қасд дорад дар ҳамин мавзеъ обанбори тупалангро бунед кунад вале сокинони дарари Ниҳон мегӯянд, дар замони Шуравӣ ин гуна нақша вуҷуд дошт ва мардуми деҳаҳои дахлдорро куч дода будаанд ва ҳатто ба соҳибони хонаҳо пул ҳам додаанд. Аммо онҳо бар ин ҳастанд, ки сабаб дигар аст, бояд фарзандонашон ба таълиму парвариш дар мактабҳои тоҷикӣ ва худашон бо ҷои кор таъмин шаванд. Феълан сарнавишти онҳо дар биёбони Шӯробод ҳамчунон номаълум боқи мондааст.

XS
SM
MD
LG