Пайвандҳои дастрасӣ

Соли нави милодӣ муборак!



Аббоси Ҷаводӣ

Кормандони Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ соли 2001-умро ба ҳамаи шунавандагони барномаҳои тоҷикӣ ва истифода кунандагони саҳифаи интернети Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ табрик гуфта, беҳтарин орзӯҳои худро барои соли нав тақдим мекунанд.

Истифода кунандагони азизи саҳифаи интернети Бахши Тоҷикии Радоии Озодӣ: Иҷозат диҳед аз тарфи худ ва ҳамкорони Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ: Соҷидаи Мирзо, Холидаи Қодир, Гулбаҳори Муродӣ, Салими Аюбзод, Хоҷаи Мирзода, Саиди Сабоҳ, Обиди Шакурзода, Ҳабиби Ҳошимӣ ва Масрур Назриев дар Прага, Парвини Кабирӣ, Саидқосими Қиёмпур, Мирзонабии Холиқзод ва Мирзои Салимпур дар Душанбе, Илҳоми Ҷамолиён дар Суғд, Ҷалолиддини Фарҳодӣ дар Хатлон, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол дар Бадхшон, Мирасрори Фарғонӣ дар Тошканд ва Музаффари Орифӣ дар Нъю Йорк соли нави милодиро ба Шумо ва хешону дустони шумо табрик гуфта, беҳтарин орӯзҳои худро барои соли 2001- уми милодӣ тақдим кунам.

Дар як соли гузашта мо мисли ҳамеша кушиш кардем, муҳимтрин ва ҷолибтарин хабар ва маълумотро сари вақт ва ба таври дақиқ, дуруст ва объективӣ дар ихтиёри шунавандагони тоҷикистонӣ ва истифодакунандагони саҳифаи интернети худ қарор диҳем. Аз фурсат истифода карда мехоҳам муҳимтарин руйдодҳо ва фаъолиятҳои марбут ба Бахши Тоҷикии Радиои Озодиро дар соли 2000 ба иттилоъи шумо расонам:

Ҷ Дар интихоботи президентӣ (ноябри соли 1999), Маҷлиси Намояндагон (феврали 2000) ва Маҷлиси Олӣ (марти 2000) Радиои Озодӣ бо гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва таҳлилҳои саривақтӣ ва объективӣ, пасманзар, раванд ва паёмади ин интихоботҳоро таҳти пушишӣ радиоӣ қарор дод. Аксар номзадҳои муҳими интихоботӣ аз аҳзоби мухталиф, шахсиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони дидабони хуқуқи башар Хюман Райтс Вотч аз тариқи Радиои Озодӣ фикру андешаи худро дар бораи раванди интихоботҳо баён доштанд. Дар шароити маҳдудиятҳои мухталифи расонаҳои дохилии Тоҷикистон, ғахши Тоҷикии Радиои Озодӣ табдил ба сарчашмаи муҳим ва асосии маълумот гардид.

Ҷ 11 апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни як сафари расмӣ ба Прага, пойтахти Чумҳурии Чех, аз мақарри марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ва Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ дидан кард. Ҳайъати баландпояи хукумати Тоҷикистон, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ Талбак Назаров, президент Раҳмоновро дар ин дидор ҳамроҳӣ карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз маркази Радиои Озодӣ бо роҳбарони ин Радио ва кормандони Бахши Тоҷикии он дидор ва гуфтугу кард.

Ҷ Аз тобистони соли 2000-ум сар карда панҷ ҳафтаномаи муназзам ба барномаҳои тоҷикӣ илова шуд. "Пул ва Бозор"- барномаи иқтисодист, ки рузҳои душанбе ва бомдоди сешанбе пахш мешавад. "Ҳуқуқ ва Инсон"- ҳар рузи чаҳоршанбе ва субҳи панҷшанбе, "Соярушан"- ҳафтаномаи масоили иҷтимоӣ рузи панҷшанбе ва субҳи ҷумъа, "Мусиқии бидуни марз"- хар рузи шанбе ва субҳи якшанбе ва ҳафтаномаи фарҳангии "Армуғон" ҳар шаби якшанбе ва бомдоди рузи душанбе пахш мегардад. Дар назар гирифта шудааст, ки дар соли 2001-ум ду ҳафтаномаи дигар: Микрафони Озод ва барномаи махсуси таҳлилӣ низ ба маҷаллаҳои ҳафтагии барномаи тоҷкии Радиои Озодӣ илова шаванд.

Ҷ 22 сентябри соли 2000-ум Искандари Хатлонӣ, хабарнигори маскавии Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, шоир ва журналисти шинохтаи тоҷик, аз тарфи ашхоси ношинос дар хонаи худ дар Маскав ба қатл расид. Тафтиши ҷиноят ҳануз натиҷае надодааст.

Ҷ Октябри соли 2000 роҳбарияти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ бори дуюм ба таври расмӣ ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба пахши барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ дар ФМ ва мавҷи мутавассит иҷозат дода шавад ва гуфтушуниди расмӣ дар нн бора оғоз гардад. Нахустин бор дар соли 1999 муроҷиати расмӣ шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳануз ба муроҷиати Радиои Озодӣ ҷавоби расмӣ надодааст ва барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ ҳануз фақат дар мавҷи кутоҳ пахш мешаванд.

Ҷ Октябри соли 2000 Бюрои Радиои Озодӣ дар Душанбе ба макони нав ва бузургтари худ дар хиёбони Рӯдакӣ кучонида шуд. Ҳайъати кормандони дафтари марказӣ дар Прага ва бюрои Душанбе афзоиш ёфт ва дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ба шабакаи ҷаҳонии интернет васл гардид.

Ҷ 1-уми ноябри соли 2000-ум саҳифаи интернети Бахши Тоҷикии радиои Озодӣ, ки акнун онро мехонед, гушоиш ёфт. Дар сар то сари ҷаҳон ин аввалин саҳифаи интернет ба забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфи тоҷикӣ аст. Саҳифаи интернети Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ шомили гузидае аз гузоришҳо, таҳлилҳо, мусоҳибаҳо ва репортажҳои пахшшуда дар Радиои Озодӣ аст. Дар айни ҳол метавон аз тариқи ин саҳифа ба барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ гуш кард.

Бо табрики дубораи соли нави милодӣ хоҳиш мекунам моро бо фикру назар, танқиду пешниҳод, хабар ва маълумоти худ шинос кунед.

Бо тақдими эҳтиром,

Аббоси Ҷаводӣ

Мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG