Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушуниди ғайри расмии Толибон ва Иттиходи Шимол дар Ашқобод



Обид Шакурзода

Дар Ашқобод Толибон бо намояндагони эътилофи рақиби хеш гуфтушунид мекунанд

Гурӯҳи Толибон эълом доштааст, ки ба миёнҷигии Туркмонистон ва Созмони Конфронси Исломӣ, дар музокирот бо рақибони худ мувофиқ аст, аммо нақши миёнҷигии СММ дар ин ҷодаро рад меунад. Дар ин бора, имрӯз дар шаҳри Ашқобод, ҳайати Толибон, ки ба таври ғайри расмӣ бо намояндагони эътилофи рақиби хеш гуфтушунид дошт, изҳорот пахш кард. Таъкид мешавад, ки агар СММ алайҳи гурӯҳи Толибон таҳримоти нав ҷорӣ кунад, он гоҳ аз ҳар гуна нақши СММ дар танзими буҳрони Афғонистон сар мепечад. Амрико ва Русия як қатъномаи муштаракро пешниҳод карданд, ки дар он аз СММ даъват шудааст, ки алайи режими Толибон таҳримоти нав, аз ҷумла таҳрими силоҳ ҷорӣ гардад. Дар посух, гурӯҳи Толибон ҳушдор дод, ки намояндагии СММро дар Афғонистон хоҳад баст. Акнун бахше аз кормандони СМ аз ин кишвар берун шудаанд.

XS
SM
MD
LG