Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи Иттиҳоди Гумрукӣ дар шаҳри Душанбе



Мирзои Салимпур

Андозҳои ғайримустақим дар қаламрави Иттиҳоди Гумрукӣ дар кишваре ситонида хоҳанд шуд, ки маҳсулотро ворид мекунад.

Шӯрои раҳбарии хадамоти гумрукии кишварҳои узви Иттиҳоди Гумрукӣ имрӯз дар Иҷлосияи худ дар шаҳри Душанбе қабул кард, ки андозҳои ғайримустақим дар қаламрави Иттиҳоди Гумрукӣ дар кишваре ситонида хоҳанд шуд, ки маҳсулотро ворид мекунад. Қаблан ин ҳақ дар дасти кишвари тавлидкунандаи мол буд. Нуриддин Маҳмадов раиси Раёсати омор ва таҳлили гумрукии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳалли мавзӯи андозҳои ғайримустақим муваффақияти асосии ин нишаст буд. Иттиҳоди Гумрукӣ аз панҷ ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ: Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон иборат аст.

XS
SM
MD
LG