Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҳодисаи вуруди ҷангиёни исломӣ ба қаламрави Ӯзбакистон ва Қирғизистон ва равобит миёни ин кишварҳо



Соҷидаи Мирзо

Ба думболи сафари президенти Ӯзбакистон ба минтақаи Сурхондарё ва изҳороти мақомоти низомӣ, ки мегуфтанд, шӯришчиёни исломӣ дар Сурхондарё тақрибан саркӯб шуда, ҷангҳо ба итмом мерасанд, шохаи нави ташаннуҷ дар 100 километрии пойтахти ин кишвар -Тошканд, зуҳур кард.

Ба думболи сафари президенти Ӯзбакистон ба минтақаи Сурхондарё ва изҳороти мақомоти низомӣ, ки мегуфтанд, шӯришчиёни исломӣ дар Сурхондарё тақрибан саркӯб шуда, ҷангҳо ба итмом мерасанд, шохаи нави ташаннуҷ дар 100 километрии пойтахти ин кишвар -Тошканд, зуҳур кард. Гурӯхи 15 нафараи шӯришгари исломӣ дар деҳкадаи Бурҷимуллои вилояти Тошканд пайдо шуд ва ду низомии ҳукуматро кушта, се тани дигарро гаравгон гирифт. Ҳуҷуми ҷангиёни исломии ӯзбак, якбора ба ду кишвари Осиёи Марказӣ ва эҷоди фазои ваҳму ҳарос дар қаламвари минтақа, муносибати роҳбарони давлатҳоро, ки қаблан низ дар гирди як миз нишондани онҳо чандон кори осон набуд, печидаву сардтар намуд. Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар ин ҳодисот аз Тоҷикистон бадгумон шудаанд. Тоҷикистон иддаои ҳамсояхояшро рад мекунад ва мегӯяд, марз то ҳадди кофӣ таҳти назорат аст ва ҳеҷ кас наметавонад, онро убур кунад. Ҳарчанд роҳбарони ин ду кишвар ҳанӯз бо Тоҷикистон қахрӣ нашудаанд, вале масъалаи бомбаборони қаламрави онро як бор матраҳ карданд. Дар ҳоле ки баъди мулоқоти оҷили Бишкек президент Каримов нияти бомбори қаламрави бегонаро такзиб кард, Пӯлод Ҷонузоқов Дабири Шӯрои Амнияти Миллии Қирғизистон, як рӯз баъд аз нишасти Бишкек изҳор дошт, ки эҳтимоли ҳуҷум ба қаламрави Тоҷикистонро соқит намекунад. Қирғизистон яке аз кишварҳои Осиёи Маркази ба шумор меояд, ки бо Тоҷикистон ҳамсоягии хубтар дошт. Вале ҳодисоти охир Ӯзбакистонро бо Қирғизистон наздиктар ва ба ҳамон андоза аз Тоҷикистон дуртар кард. Кишвари дигари Осиё Марказӣ, Қазоқистон бо Тоҷикистон марзи муштарак надорад, аммо бо ду ҳамсояи ноороми худ, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳамсарҳад аст. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мегӯяд, ки қазоқҳо мефаҳманд, ки аз ин хатар пурра эмин буда наметавонанд. Аз ин рӯ марзҳои ҷанубии худро мустаҳкам кардаанд. Назарбоев дар танишҳои лафзии миёни се кишвар бештар нақши оштидиҳандаро дорад. Вале ба гуфти таҳлилгарон омили асосие, ки Тоҷикистонро аз ҳуҷумҳои ошкори Ӯзбакистон ва ӯ Қирғизистон эмин медорад, наздикии Макав бо Душанбе аст. Ҳодисоти охир хисороти ҷонӣ ва молии аҳолии манотиқи задухӯрдро ба миён овард. Аммо зараре, ки Тоҷикистон аз бадшавии муносибат бо кишварҳои ҳамсоя мебинад, камтар аз он нест. Коҳиши доду гирифти Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳо, таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва воридоту содирот аз маҳудудиятҳоест, ки Тоҷикистон дар навбати аввал бо онҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва ҳамсояи дигар, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми бадбахтиҳои худро аз он мебинанд, Афғонистон аст, ки ҳамчун пойгоҳи аслии ҷангиёни ӯзбак ва макони тамрини шӯришгарони исломӣ арзёбӣ мешавад. Хар як нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо зикри номи Афғонисто шурӯъ мешавад ва бо таҳдид алайҳи он анҷом меёбад. Ин ҳол Толибонро хашмгин кардааст. Дар ҷавоб эъломияи Бишкек, ки дар он Афғонистон ҳамчун манбаи ташаннуҷ барои Осиёи Марказӣ ва умуман кишварҳои ҷаҳон номбар шудааст, вазири хориҷии Толибон изҳор дошт, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳунарии худро дар ҳалли масоили дохилӣ ба дӯши Толибон бор мекунанд ва дар ҳоле, ки ҷомеъаи ҷаҳониро ба хатми ҷанг дар Афғонистон даъват менамоянд, кӯмаки худро аз Аҳмадшоҳи Масъуд дареғ намедоранд. Ҳуҷуми охири ҷангиён ба ду кишвар хисороти ҷонии нирӯҳои ҳукуматиро ба бор овард. Аз ҷониби Ӯзбакистон, 15 нафар ва аз Қирғизистон наздик ба 30 нафар низомиёни ҳукуматӣ ҳалок шудаанд. Ва аз ҳар ду кишвар хабар мерасад, ки амалиёти нирӯҳои хукуматӣ алайҳи ҷангиёни исломии Ӯзбак ҳанӯз идома дорад. Аз иқдомоти ҳар ду кишвари Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба назар мерасад, ки онҳо бо ҷангиён созиш намекунанд ва тамоми кӯшишро ба маҳви пурраи ҷангиён равона намудаанд. Вале савол ин аст, ки чунин тадбир самар хоҳад дод ё не. Таҳлилгарон мегӯянд, ба сурати умум ҷангиёни исломии ӯзбак барои ғалаба ва таъғйироти ҷиддӣ дар Осиёи Марказӣ қудрат надоранд. Аммо маҳви пурраи онҳо низ зоҳиран бисёр мушкил аст.

XS
SM
MD
LG