Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкили Афғонистон дар Созмони Конфаронси Исломӣ



Салими Аюбзод

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Дуҳаи Қатар гуфт, Милали Муттаҳид кӯшишҳои худро дар роҳи сулҳи Афғонистон идома медиҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Дуҳаи Қатар гуфт, Милали Муттаҳид кӯшишҳои худро дар роҳи сулҳи Афғонистон идома медиҳад. Ин суханронии Аннон дар маҷлиси ифтитоҳии Созмони Конфаронси Исломӣ садо доданд, ки рӯзи якшанбе ба кори худ оғоз кард. Кофӣ Аннон гуфт, Милали Муттаҳид дар ин роҳ аз даъвати оташбас ва ташкили ҳукумати васеъпоя дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва умедвор аст, ки Конфаронси Исломӣ низ ба кӯшишҳо мусойидат хоҳад кард. Созмони Конфаронси Исломӣ намояндагони ҳарду тарафи даргири Афғонистонро ба нишасти Дуҳо ба сифати нозир даъват кардааст, ва вакилон аз ҷунбиши Толибону Иттиҳоди Шимол дар маҷлис иштирок доранд. Аммо ҳарду тараф даъво мекунанд, ки курсии Афғонистон дар Созмони Конфаронси Исломӣ бояд маҳз ба намояндаи онҳо дода шавад. Вазири иттлооти Толибон Қудратуллоҳ Ҷамол аз Конфаронси Исломӣ дархост намуд, курсии Афғонистонро аз рӯи адолат ба толибҳо бисупорад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбе президенти барканоршудаи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ аз сарони кишварҳои мусумон даъват кард, то ба Покистон фишор оварда, онро маҷбур кунанд, ки аз пуштибонии ҳарбии Толибҳо даст кашад ва ба оғози гуфтушуниди миёни тарафҳо кӯмак расонад. Вай гуфт, Покистон бояд ҳарбиёни худро аз Афғонистон хориҷ намояд. Намояндаи Толибон Қудратуллоҳ Ҷамол гуфт, дастгоҳи Толибон дар Афғонистон аз пуштибонии васеъи мардум бархӯрдор аст ва дар манотиқи таҳти назорати худ амниятро таъмин мекунад. Бурҳонуддини Раббонӣ бошад, дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерз гуфт, Толибҳо гурӯҳи тундраве ҳаст, ки ба хотири қудратталабии худхоҳонаи Покистон ҷанги харобиоварро бо шиорҳои Ислом пинҳон мекунад ва аз даромади парваришу қочоқи маводи мухаддир маъракаи ҳарбии худро таъмин менамояд. Созмони Конфаронси Исломӣ аз соли 1996, аз замоне ки толибҳо ҳукумати Раббониро дар Кобул барканор карданд, узвияти Афғонистонро дар конфаронси исломӣ муваққатан қатъ намудааст. Дар нишасти сарони мамолики мусулмон дар Қатар инчунин бӯҳрони дигар, хушунат дар Ховари Миёна мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар пешнависи қатъномаи нишаст аз давлатҳои исломӣ дархост шудааст, ки ҳама гуна равобити худро бо Исроил қатъ кунанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар ин нишаст ба ҳалли осойиштаи низоъ дар Ховари Миёна даъват намуда, гуфт, бозгашти субот ба Ховари Миёна ба вазъи ҳамаи минтақа таъсир хоҳад дошт. Талбак Назаров афзуд, бояд истифодаи шиорҳои исломӣ барои пинҳон доштани тундравии динӣ, ҷудоиталабии сиёсӣ ва терорисми байнулмилал мамнӯъ дониста шавад. Вай ин равандҳоро таҳдиди ҷиддӣ ба суботи минтақа ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ номид. Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон дар нишасти Дуҳа хабар дод, ки тарафҳои афғон розӣ шудаанд, моҳи оянда ба паси мизи гуфтушуниди сулҳ бозгарданд.

XS
SM
MD
LG