Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масрафҳои афзояндаи низомӣ дар ҷаҳон


Масорифи низомӣ дар соли 2007 мисли солҳои пешин ҳамчунон боло рафтааст.

Ин нукта дар гузориши SIPRI ё Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолеъоти сулҳи Стокҳолм дар Суэд (Шведсия) оварда шудааст. Мизони умумии ин масориф дар соли гузашта як триллиарду 339 миллиард долларро ташкил додааст, ки ба ҳар сари аҳолии сайёра 202-долларӣ рост меояд.
Ин масрафҳо нисбат ба соли 2006-ум 6 дарсад боло рафтааст. 45 дарсади ин масориф ба ИМА дуруст меояд, яъне масорифи низомии Амрико дар соли 2007-ум 547 миллиард долларро ташкил додааст. Баъд аз Амрико 4 кишвари дигар – Бритониё, Чин, Фаронса ва Жопун – дар сархатти гузориши SIPRI қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия, ки аз судури нафту гоз даромади ҳангуфт ба даст овардааст, 35 миллиарду 400 милён доллар масрафи низомӣ доштааст ва тақрибан дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст.
Аврупои шарқӣ аз ҷумлаи минтақаҳоест, ки дар 10 соли ахир, яъне аз соли 1998 то соли 2007, масрафи низомиаш 162 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар даҳсолаи ахир афзоиши масорифи низомӣ дар ҷаҳон 45 дарсадро нишон медиҳад.
Тибқи мутолиъоти SIPRI, дар 10 соли ахир масорифи низомӣ дар кишварҳои Ховари миёна, Осиёи ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи шарқӣ беш аз 50 дарсад боло рафтааст. Вале SIPRI иттилоъ медиҳад, ки дар ин муддат масорифи низомӣ дар Аврупои ғарбӣ ва Амрикои марказӣ камтар шудааст. Ҳоло суъоле ба миён меояд, ки кадом ширкатҳо ва аз чи кишварҳое бештар ба фурӯши аслиҳа машғул будаанд.
Тибқи мутолиъоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиъоти сулҳи Стокҳолм, аз 100 ширкати содиркунандаи аслиҳа, ки дар сархат қарор доранд, 41 ширкат муттаъаллиқ ба ИМА мебошанд. 63 дарсади аслиҳаи содиротӣ дар ҷаҳон ба ҳамин ширкатҳо таъъаллуқ дорад. 29 дарсади аслиҳаи содиршуда ба 34 ширкати аврупоӣ муттаъаллиқ будаанд. Дар миёнаи солҳои 2003 – 2007 Амрико ва Русия бузургтарин кишварҳои содиркунандаи аслиҳаи ҷаҳон шинохта шудаанд. 31 дарсад ба Амрико ва 25 дарсад ба Русия таъаллуқ доштааст.
Дар ҳамин ҳол, бузургтарин кишварҳои воридкунандаи аслиҳаи ҷаҳон Чин ва Ҳиндустон дониста шудаанд, ҳарчанд фармоиши аслиҳа ва интиқоли он ба Чин дар ин муддат коҳиш ёфтааст.
Дар гузориши SIPRI дар бораи кишварҳои ҳастаӣ низ маълумот пешкаш шудааст. Тибқи ин гузориш дар 8 кишвари, ба истилоҳ, ҳастаӣ 10 200 адад аслиҳаи фаъъоли ҳастаӣ вуҷуд дорад ва музокирот роҷеъ ба коҳиши миқдори аслиҳаи ҳастаӣ ба натиҷае нарасидааст. Бейтс Ҷилл, раиси Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиъоти сулҳи Стокҳолм, мегӯяд, бо омадани раҳбарони нав дар кишварҳои нерӯманд, аз қабили Фаронса, Олмон, Жопун, Русия, Бритониё ва ИМА (дар моҳи январ) мумкин аст "даричаи имконот" барои назорат бар таслиҳот боз шавад.
Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиъоти сулҳи Стокҳолм муассисаи мустақилест, ки дар соли 1966 ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG