Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Анҷумани байнулмилалии иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик нақшаи табдили Маскав ба маркази ҷаҳонии молӣ қабул хоҳад шуд. Дмитрий Медведев гуфт, талош хоҳанд кард, ки рубли русиро ба яке аз пулҳои муҳимми минтақаӣ табдил диҳанд.

Ба гуфтаи раисҷумҳури русӣ, ин талошҳо ба хотири рақобатпазир гардидани низоми молии кишвараш рӯидаст гирифта хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, кишвараш омода аст, то ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи бӯҳрони ғизо ва таҳияи барномаҳои зиддибӯҳронӣ иқдом бикунад.

Дмитрий Медведев яке аз сабабҳои аслии бӯҳрони феълии ҷаҳониро номувофиқии имконоти воқеъии Амрико дар низоми иқтисодии байнулмилалӣ номид. Ба ҳарфи ӯ, бозори амрикоӣ ва низоми молии амрикоӣ наметавонанд талаботи феълии бозорҳои молиро ҳал бикунанд.

Имрӯз, 7 июн, дар Анҷумани Санкт-Петербург мушкилоти байнулмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд, фардо, рӯзи 8 июн дар Анҷуман стротежии рушди Русия то соли 2020 матраҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG